Феврал 22, 2024 17:17 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Ҳимоят аз мардум ва муқовимати Ғазза муҳимтарин вазифаи қуръонӣ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ҳимоят аз мардум ва муқовимати Ғаззаро муҳиммтарин вазифаи қуръонӣ донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар дидори ширкаткунандагон дар чиҳилмин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони карим, амал ба маорифи Қуръонро бароварандаи ниёзҳои башарият ва ҷомеъаҳои башарӣ донистанд ва бо интиқод аз амал накардан ба маориф ва дастуроти Қуръон аз ҷониби сарони кишварҳои исломӣ, дар мавзӯъи Ғазза, гуфтанд: Имрӯз неруҳои муқовимати Ғазза ва Фаластин бо истодагии худ дар муқобили душмани хабиси саҳюнистӣ, дар ҳоли амал ба дастуроти Қуръон ҳастанд ва ба лутфи илоҳӣ пирӯзӣ насиби миллати Фаластин хоҳад шуд ва дунёи Ислом ҳатман нобудии ғуддаи саратонии саҳюнистро ба чашм хоҳад дид.

 Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, мавзӯъи Ғаззаро масъалаи бузург дунёи Ислом хонданд ва афзуданд: Худованди мутаол миллатҳои мусулмонро ба далели инки ба давлатҳои худ барои қатъи пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ фишор наоварданд ва ҳамчунин давлатҳои исломиро ба далели амал накардан ба дастуроти Қуръон мавриди савол ва муохаза қарор хоҳад дод.Ишон таъкид карданд: Албатта муқовимати Ғазза ва Фаластин бо истодагии худ дар муқобили душмани саҳюнистӣ дар ҳоли амал ба маориф ва дастуроти қуръонӣ ва рӯйи дигари ин моҷаро ҳастанд ва ба лутфи Худованд ва бар асоси ваъдаҳои қуръонӣ, нусрати илоҳӣ шомили ҳоли онҳо хоҳад шуд.

 

Барчасп