Март 08, 2024 18:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири дифои Арманистон бо Раисӣ
    Дидори вазири дифои Арманистон бо Раисӣ

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидори вазири дифои Арманистон, зимни таъкид бар мавзеи собити Теҳрон дар хусуси напазируфтани тағйир дар марзҳову ҷуғрофиёи сиёсии минтақа, қоидаи ҳоким бар равобит миёни кишварҳои минтақаро эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти арзӣ ва дахолат накардани бегонагон донист.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидори Сурен Попикён, вазири дифои Арманистон ва ҳайати ҳамроҳ дар Теҳрон, зимни таъкид бар ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар иқдоме дар ҷиҳати истиқрору тақвияти сулҳу субот дар минтақаи Қафқоз гуфт: Таъмини амнияти минтақа танҳо ба дасти кишварҳои ҳамин минтақа қобили таҳаққуқ асту майдон додан ба бегонагон амниятовар нахоҳад буд.

 

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо хуб тавсиф кардани равобити Эрону Арманистон, ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталифро дар ҷиҳати тавсеаи равобит ва иртиқои амнияти минтақа муассир ва дорои аҳамият донист.

Сурен Попикён, вазири дифои ҷумҳурии Арманистон низ дар ин дидор, зимни қадрдонӣ аз мавозеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳифзи ҳокимияти кишварҳову дифои муқтадирона аз сулҳ дар минтақа, истиқрори сулҳ дар минтақаи Қафқозро муҳимтарин мавзуъ донисту гуфт: Ереван мутааҳҳид ба ҳифзи сулҳ дар Қафқоз бо эҳтироми мутақобил ба тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии ҳамаи кишварҳост.

 

Барчасп