Март 09, 2024 18:57 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили Кумитаи паралимпии Осиё аз 2 бонуи варзишкори эронӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан

Кумитаи паралимпии Осиё бо интишори тасовири 2 бонуи медоловари Эрон, аз занони варзишкори осиёӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зан тақдир кард.

Кумитаи паралимпии Осиё дар ин паём бо интишори тасовири чандин варзишкори зани осиёӣ, аз ҷумла Сора Ҷавонмардӣ ва Заҳро Неъматӣ, 2 бонуи варзишкори эронӣ навишт: «Рӯзе барои таҷлил аз азм, шуҷоату муваффақияти занони варзишкори осиёӣ дар ҳамаи варзишҳои мухталифи пара».

Рӯзи 8 март дар дунё ба номи «Рӯзи ҷаҳонии зан» номгузорӣ шудааст. Ба ҳамин далел ниҳодҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ аз бонувон дар ҳавзаҳои мухталиф таҷлил мекунанд.

Заҳро Неъматӣ ва Сора Ҷавонмардӣ илова бар медоловарӣ дар рӯйдодҳои бузурги паралимпӣ ва пайкорҳои ҷаҳонӣ, чанд моҳи пеш дар бозиҳои параосёии Ҳонгжу муваффақ ба касби медоли тилло ва нуқра шуданд.

Заҳро Неъматӣ

Ҷавонмардӣ ба ҳамроҳи фарзандаш рӯи саккӯ рафту медоли худро бар гардани фарзандаши андохт, ки ин саҳна бозтоби бисёр зиёде дошт.

Сора Ҷавонмардӣ

 

 

Барчасп