Май 25, 2024 12:33 Asia/Dushanbe
  • Бин Салмон дар гуфтугӯ бо мудири қувваи муҷрияи Эрон :Метавонем ояндаи хубе дар ҷаҳони Ислом рақам бизанем

Валиаҳди Арабистон дар тамоси телефонӣ бо сарпарасти раёсатҷумҳурии Эрон, даргузашти оятуллоҳ Раисӣ, раисҷумҳури шаҳидро тасалият гуфт ва бар идомаи роҳи ишон дар эҳё ва тавсеаи муносиботи дуҷониба ва минтақаӣ таъкид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Муҳаммад бин Салмон дар тамоси телефоне, ки баъд аз зуҳри ҷумъа сурат гирифт, зимни тасалияти шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ тасреҳ кард: Ҳодисаи пешомада, барои мо бисёр дарднок буд. Фиқдони оқои Раисӣ дили ҳамаи моро ба дард овард ва аз даст додани вазири умури хориҷаи Эрон, ки бо вазири умури хориҷаи мо бисёр дӯст буданд, низ ҷонкоҳ буд.

 Теҳрон ва Риёз нақши меҳварӣ дар минтақа ва ҷаҳони Ислом доранд ва бо густариши равобити дуҷониба метавонанд ояндаи дурахшонеро барои минтақа рақам бизананд

 Валиаҳди Арабистон афзуд: Ирсоли паёми тасалият ва омадани фиристодаи вежа ва вазири умури хориҷа ба Теҳрон вазифаи мо барои ҳамдардӣ бо Шумо буд ва роҳе, ки он азизон барои эҳё ва тавсеаи равобит оғоз карданд, ҳамчунон аз сӯи Арабистон бо қувват идома хоҳад ёфт.

 Бин Салмон омодагии кишвараш барои густариши равобити иқтисодиро эълом кард.

 Доктор Муҳаммади Мухбир низ дар ин тамоси телефонӣ аз паёмҳои муҳаббатомез ва ҳамдилонаи подшоҳ ва валиаҳди Арабистони саудӣ дар зойиаи дардноки шаҳодати оятуллоҳ Раисӣ ва ҳамчунин ҳузури намояндаи вежаи подшоҳ ва вазири умури хориҷаи ин кишвар дар маросими адои эҳтиром ба раис ҷумҳур ва ёрони шаҳидаш ташаккур кард ва афзуд: Мо ду шахсияти муҳимм, таъсиргузор ва дилсӯзро ба ҳамроҳи ҷамъи дигар аз ходимон аз даст додем ва ба сӯг нишастем.

 Идомаи сиёсати ҳамсоиагии давлати сездаҳум ва тавсеаи муносибот бо кишварҳои минтақа танҳо гузинаи пеши рӯйи ҳамаи мо аст ва ҳамроҳӣ ва ҳамдилӣ бо якдигар зомини субот ва шукуфоӣ дар минтақа аст

 Вай тавсеаи равобит бо ҳамсоягон ва кишварҳои дӯстро аз ҷумла муваффақиятҳо ва роҳбурдҳои муҳимми оятуллоҳ Раисӣ донист ва гуфт: Шаҳодати раисҷумҳури мардумӣ ва пурталош ҳамчун оқои Раисӣ барои мо сахт аст, аммо ҳаракати кишвар ҳеҷ тағйире нахоҳад кард ва ҳамон рӯҳи алоқа ва итминон миёни Эрон ва Арабистон дар давраи раисҷумҳури шаҳид, ҳамчунон идома хоҳад дошт.

 

 

Барчасп