Март 13, 2024 11:09 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар маҳфили унс бо Қуръон таъкид карданд: Таксири ҷаласоти қуръонӣ дар масоҷид ва манозил

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таловати Қуръонро “ ҳунари муқаддас”хонданд ва таъкид карданд: Бояд ҳадафи аслӣ аз ин кори бисёр бо арзиш, интиқоли маънӣ ва паёми Қуръон ба оҳоди мардуму ҷомеъа ва заминасозӣ барои тадаббур дар Қуръон бошад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳазрати оятиуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи сешанбе дар “ маҳфили унс бо Қуръон” ҳамзамон бо аввалин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон, бо ибрози хурсандӣ аз теъдоди болои қориёни ҷавони “саҳиҳхон” ва “ хушхон”, рушди фазояндаи қориёни ҷавонро аз неъматҳои бузурги Инқилоби исломӣ баршумурданд.

Эшон афзуданд: Қуръон як ҳунари илоҳӣ ва худоӣ аст ва муҳимтарин вазифаи қории Қуръон, интиқоли маъонӣ ва “тасвирсозиҳои Қуръон” дар мавзуоти мухталиф, ба зеҳни мустамеъин аст, бинобар ин қориёни Қуръон мисдоқи мубаллиғини рисолатҳои илоҳӣ ҳастанд ва худро низ бояд бо шароити як мубалиғи рисолатҳои илоҳӣ татбиқ диҳанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни чанд тавсияи тахассусӣ ба қориёни Қуръон, бар лузӯми густаришу таксири “ ҳалқот ва ҷаласоти қуръонӣ” дар масоҷиду манозил таъкид карданд ва гуфтанд: Дар ҷаласоти қуръонӣ бояд ба тарҷума ва тафсири Қуръон низ таваҷҷуҳи вижа шавад то заминаи иртиқои сатҳи маорифи динии ҷомеъа ба вуҷӯд ояд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба пахши тасовире аз Борикаи Ғазза ва тиловати Қуръон ба василаи навҷавонон дар Ғазза, афзуданд: Қуллаи истиқоматӣ дар Ғазза, натиҷаи фаҳми Қуръон ва амал ба он аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шароити Ғаззаро аз ду буъд дар “авҷ” тавсиф карданд ва афзуданд: Имрӯз дар Ғазза аз як тараф авҷи ҷинояту ваҳшигарӣ ва зулм аст ва аз тарафи дигар авҷи истодагӣ ва истиқомат низ мушоҳида мешавад.

Эшон ҷиноятҳои камсобиқа дар Ғазза ҳамчун куштани кӯдакону навзодон аз тариқи гуруснагӣ ва ташнагиро муфтазеҳкунандаи тамаддуни Ғарб хонданд ва таъкид карданд: Ба рағми онки саҳюнистҳо аз анвои силоҳҳо ва кумакҳои Амрико ва Ғарб бархӯрдор ҳастанд, аммо бо сабри беназири мардуми Ғазза ва истодагии размандагони муқовимат токунӯн душман ҳеҷ ғалате натавониста бикунад ва ҳудуди 90 дарсади имконоту тавоноиҳои муқовимат маҳфӯз аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо баёни инки муқовимат бинии саҳюнистҳоро ба хок хоҳад молид, кумак ба мардуми Ғаззаро таклифи динии дунёи Ислом баршумурданд ва гуфтанд: Ҳар гуна кумак ба душмани саҳюнистӣ, ҳароми қатъӣ ва ҷинояти воқеӣ аст ва муттаассифона бархе давлатҳо ва кишварҳои исломӣ ин корро анҷом медиҳанд, аммо рӯзе пушаймон хоҳанд шуд ва сазои ин хиёнатро хоҳанд дид.

 

Барчасп