Апрел 16, 2024 13:16 Asia/Dushanbe
  • Тамоси телефонии Раисӣ ва мақоми яманӣ; Амалиёти ғурурофрини Эрон алайҳи Исроил ба уммати исломӣ шараф ва обрӯи дубора бахшид

Раиси Ҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба ибтикороти диловаронаи муҷоҳидони яманӣ дар ҷиҳати таваққуфи наслкушии миллати Фаластин, тасреҳ кард: Истодагӣ ва муқовимати миллати қаҳрамони Яман дар канори миллати Фаластин қатъан дар боздорандагии ҷиноёти режими саҳюнистӣ муассир буда ва муодилотро ба нафъи мардуми мазлуми Ғазза рақам хоҳад зад.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳим Раисӣ шомгоҳи душанбе дар посух ба тамоси телефонии оқои «Маҳди Аламшот»-раиси Шӯрои олии сиёсии Яман зимни таҷлил аз ҳимоятҳои мардум ва муҷоҳидони Яман аз мардуми мазлум ва муқтадири Ғазза тасреҳ кард: Ин ҳимоятҳо дар канори иқдомоти таҳсинбрангез назири роҳпаймоииҳои бошукӯҳ, эъломи мавозеъи ошкор ва қотеъона дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва ҳамчунин талош барои қатъи шарёнҳои иқтисодии режими ҷинояткори саҳюнистӣ, аз хотири миллатҳои озодаи ҷаҳон фаромӯш нахоҳад шуд ва мояи мубоҳоти уммати исломӣ аст.

  Раиси ҷумҳури исломии Эрон дар идома бо ишора ба рафтори музавварона ва риёкоронаи кишварҳои ғарбӣ нисбат ба иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ, Амрико ва кишварҳои ғарбии ҳомии режим саҳюнистиро бузургтарин поймолкунандагони ҳуқуқи башар дар ҷаҳони имрӯз донист ва тасреҳ кард: Сукут ва беамалии ин кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар қиболи беш аз шаш моҳ ҷиноёти ҳавлнок ва наслкушӣ дар Ғазза, режими саҳюнистиро ба ҷиноёти бештар ва афзоиши таниш дар минтақа тарғиб кардааст.

Маҳди Аламшот-раиси Шӯрои олии сиёсии Яман низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни табрики амалиёти ғурурофарин ва ифтихоромези неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ алайҳи иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба консулгарии Эрон дар Сурия гуфт: Ин иқдоми шуҷоъона дар танбеҳ ва муҷозоти душмане, ки ба ҳеҷ як аз қонунҳои байналмилалӣ пойбанд нест ва забоне ҷуз забони зӯр намефаҳмад, такрори дубораи инқилоби шукӯҳманди исломӣ ва баргирифта аз омӯзаҳои Имом Хумайнӣ(ра) буд.

 

Барчасп