Раҳбари муаззми инқилоби исломӣ : Ҳама барои саломати раисиҷумҳӯр ва ҷамъи хизматгузор дуо кунанд
(last modified Mon, 20 May 2024 04:47:32 GMT )
Май 20, 2024 09:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззми инқилоби исломӣ : Ҳама барои саломати раисиҷумҳӯр ва ҷамъи хизматгузор дуо кунанд
    Раҳбари муаззми инқилоби исломӣ : Ҳама барои саломати раисиҷумҳӯр ва ҷамъи хизматгузор дуо кунанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ибрози таассур аз ҳодисаи нигаронкунанда барои раисиҷумҳурии муҳтарам ва ҳамроҳони ишон иброз умедворӣ карданд : Худованди мутаъол раисиҷумҳури муҳтараму муғтанам ва ҳамроҳони ишонро ба оғӯши миллати Эрони баргардонад .

Ҳазрати оятуллоҳи Хоминаӣ Раҳбарӣ муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъӣ аз хонаводаҳои Сипоҳи посдор ки ба муносибати шаби мелоди имом Ризо ( а ) баргузор шуд , бо ибрози таассур аз ҳодисаи нигаронкунанда барои раисиҷумҳурии муҳтарам ва ҳамроҳони ишон гуфтанд : Ҳама барои саломати ин ҷамъи хизматгузор дуо кунанд ; Миллати Эрон нигарон ва дилвопас набошанд , ҳеҷ ихтилолӣ дар кори кишвар ба вуҷӯд намеояд .

Болгарди ҳомили « Сайид Иброҳими Раисӣ » раисиҷумҳурии исломии Эрон ки барои ифтитоҳи сади марзӣ “Qiz Qalehsi “ дар нуқтаи марзӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шимоли шарқи Эрон , сафар карда буд , дар масири бозгашт дар “ ҷангали Дизмор “ дар маҳдӯдаи умумии байни Варзақон ва Ҷулфо , устони Озарбойҷони шарқӣ дучор сониҳа шуд .

Гуфта шуда шароити сахти обу ҳавоӣ талоши имдодрасонӣ ба маҳали сониҳаи болгарди Раисиро бо сахтӣ рӯбарӯ кардааст .