Май 21, 2024 10:37 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи дабири кулли Созмони Милал бо сафири Эрон дар пайи шаҳодати раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷа

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо сафир ва намояндаи доими Эрон дар ин созмон шаҳодати раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Эронро дар сониҳаи ҳавоӣ, таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Стефан Дуҷорик-сухангӯи СММ гуфт:Антонио Гуттерис дар гуфтугӯ бо Амир Саид Ереванӣ таслият ва ибрози ҳамдардии худ бо мардум ва давлати Эронро эълом кардааст.

 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пеш аз гуфтугӯ бо сафир ва намояндаи доими Эрон дар Нию-Йорк низ шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси ҷумҳурӣ ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаро ба давлат ва миллати Эрон ва хонаводаҳои онон тасалият гуфт.

 Сайид Иброҳим Раисӣ,ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри якшанбе (19 май) дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди "Қиз Қалъаси ба самти шаҳри Табрез, дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони шарқӣ, шимолу ғарби Эрон дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд ва ба ҳамроҳи Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷа ва дигар ҳамроҳон, ба мақоми рафеъи шаҳодат ноил омад.

 

Барчасп