Май 22, 2024 17:32 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб дар дидори Ҳания: Ваъдаи Илоҳӣ барои маҳви режими саҳюнистӣ муҳаққақ хоҳад шуд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Исмоил Ҳания , раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва ҳайати ҳамроҳ бо эшон таъкид карданд: Ваъдаи Илоҳӣ барои маҳви режими саҳюнистӣ муҳаққақ(амалӣ) хоҳад шуд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пеш аз зӯҳри имрӯз чаҳоршанбе дар ин дидор бо ишора ба оёти қуръонӣ, ки дар бораи таҳаққуқи ду ваъдаи Худованд ба модари ҳазрати Мӯсо(а) аст, афзуданд: Акнун низ ваъдаи аввали Худованд дар бораи мардуми Фаластин муҳаққиқ шуда ва он, ҳамон ғалабаи мардуми Ғазза, ки гурӯҳи кӯчак ҳастанд дар муқобили гурӯҳи бузург ва қудратманди Амрико, НАТО, Англия ва бархе кишварҳои дигар аст, бар ҳамин асос ваъдаи дувум, яъне маҳви режими саҳюнистӣ низ қобили таҳаққуқ аст ва ба лутфи Илоҳӣ он рӯзе, ки Фаластин аз «баҳр» то «наҳр» ташкил шавад, фаро хоҳад расид.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба муқовимати фавқулодаи мардуми Ғазза, ки мӯҷиби тааҷҷуби ҷаҳониён шудааст, гуфтанд: Чӣ касе бовар мекард, ки рӯзе дар донишгоҳҳои Амрико ба нафъи Фаластин шиор дода ва парчами Фаластин барафрошта шавад ва чӣ касе бовар мекард, ки рӯзе дар Япония ва дар тазоҳурот ба нафъи Фаластин, ба забони форсӣ шиори «марг бар Исроил» сар дода шавад.Ишон таъкид карданд: Дар оянда низ мумкин аст дар мавриди қазияи Фаластин ҳаводисе иттифоқ биафтад, ки имрӯз боваркарданӣ нестанд.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Муҳаммади Мухбир, ки бар асоси Қонуни асосӣ масъулияти умури иҷроии Эронро бар уҳда дорад сиёсатҳо ва ҷиҳатгириҳои раиси ҷумҳури фақидро дар бораи Фаластин, бо ҳамон ангеза ва рӯҳия идома хоҳад дод.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо ташаккур аз ибрози ҳамдардии миллати Фаластин ба вежа мардуми Ғазза ба хотири шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ , мутақобилан шаҳодати фарзандони Ҳанияро табрик ва таслият гуфтанд ва аз сабри раиси дафтари сиёсии Ҳамос тамҷид карданд.

 Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) ва ҳайати ҳамроҳаш, ҳам дар ин дидор маротиби таслият ва таъзияти худро ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ва ҳамчунин ба миллат ва давлати Эрон эълом карданд.

 Исмоъил Ҳания бо ибрози қадрдонӣ аз ҳимоятҳои ҳамешагии миллат ва давлати Эрон аз мардуми Фаластин, шаҳид Раисиро шахсияти дӯстдор ва ёвари Фаластин ва муқовимат хонд ва гуфт: Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хорҷаи фақид низ дар ҳама саҳнаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора аз Фаластин ва муқовимат дифоъ мекард ва ман борҳо ба ӯ мегуфтам, ки Шумо вазири умури хориҷаи муқовимат ҳастед.

 Раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо ташреҳи охирин вазъияти майдонии Ғазза таъкид кард: Имрӯз ҷабҳаи муқовимат дар минтақа ва неруҳои муқовимат дар Фаластин дар беҳтарин ҳолат ва душмани саҳюнистӣ дар бадтарин ҳолат қарор доранд ва ин аз алтофи Илоҳӣ аст.

 

Барчасп