Май 22, 2024 17:49 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Сиёсати густариши рӯзафзӯни равобит бо Арманистон идома пайдо мекунад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори нахуствазири Арманистон зимни қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардиаш ба хотири шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ ба муштаракоти таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ ва манофеъи муштараки Эрон ва Арманистон ишора карданд ва гуфтанд: Сиёсати Ҷумҳурии исломӣ мабни бар густариши рӯзафзӯни равобит бо Арманистон идома пайдо хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз(чаҳоршанбе)дар дидори Никол Пашинян-нахуствазири Арманистон дар Теҳрон бо ишора ба таъкиди нахуствазири Арманистон мабни бар роҳбурдӣ будани равобити ду кишвар афзуданд: Таъкиди инҷониб мабни бар густариши ҳамкориҳо нозир бар роҳбурдӣ будани равобит буда, аммо муҳимм ин аст, ки равобити ду кишвар мухолифине дорад, ки бар ҳамин асос бояд масоили марбут ба тарафҳо бо диққат ва муроқибат(ҳушёрӣ) анҷом шавад.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Раиси ҷумҳури фақиди мо нисбат ба масоили марзии марбут ба Арманистон ва ҳаводиси атрофи ин қазия, бисёр ҳассос буд ва бояд ин ҳассосиятҳо ва муроқибатҳо ҳамчунон лиҳоз шаванд ва мо бояд худамон битавонем манофеъи худро таъмин кунем.

Никол Пашинян-нахуствазири Арманистон низ дар ин дидор маротиби таассур ва ҳамдардии миллат ва давлати Арманистонро эълом кард ва гуфт : Мо аз шунидани хабари даргузашти раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон ва ҳамроҳони ишон дар сониҳаи ҳавоӣ шокзада шудем ва дар буҳт ҳастем, аммо ҳамон гуна, ки ҳазрати олӣ гуфтед, мутмаинем, ки таҳти ҳидоятҳо ва раҳбарии Шумо халале дар умури Эрон ба вуҷуд нахоҳад омад.

 

Барчасп