Июн 07, 2024 21:05 Asia/Dushanbe
  • Алии Боқирӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Алии Боқирӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон

Алии Боқирӣ илова бар суханронӣ, бо вузарои умури хориҷаи ширкаткунанда дар нишасти Истанбул дар хусуси лузуми иқдоми мунсаҷиму ҳамоҳанги кишварҳои исломӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дидору гуфтугӯ мекунад.

Ба гузориши Сервиси байналмилали Хабаргузории садо ва симо, ба нақл аз канали телеграмии Вазорати умури хориҷа, Алии Боқирӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ҳадафи ширкату суханронӣ дар нишасти фавқулодаи гуруҳи ДИ-8 дар хусуси ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза озими Истанбул шуд.

Нишасти Истанбул ҳамчунин фурсате барои истимрори дипломатияи фаъоли Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва муқовимати мардуми Фаластин дар муқобили режими саҳюнистӣ аст.

Сарпарасти дастгоҳи дипломатӣ дар сафари худ ба Истанбул, илова бар суханронӣ дар нишасти фавқ, бо вузарои умури хориҷаи ширкаткунанда дар нишасти Истанбул дар хусуси лузуми иқдоми мунсаҷиму ҳамоҳанги кишварҳои исломӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин ирсоли кумакҳои фаврӣ барои мардуми таҳти муҳосираи Фаластин дар навори Ғазза ва Рафаҳ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Нишасти фавқулодаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкории Иқтисодии ҳашт кишвари дар ҳоли тавсеа, мавсум ба ДИ - 8 бо мавзӯи Ғазза дар рӯзи шанбе (19 хурдод) дар Истанбул баргузор мешавад.

 

Барчасп