Июн 12, 2024 20:00 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои муҳими Эрон дар бозтахсиси об ва тавсеаи истифода аз манобеъи обҳои ғайримутаъориф

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Эрон тайи солҳои ахир дар масъалаи бозтахсиси об ва тавсеаи истифода аз манобеъи обҳои ғайримутаъориф ва ҳамчунин мудирияти ҳамзамони масрафи об ва барқ дар чоҳҳои кишоварзӣ, ҷиҳати тавсеаи адолат ва шаффофсозӣ дастовардҳои муҳимме доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Алиризо Ҳақиқиён-сафири Эрон дар Тоҷикистон ба унвони раиси ҳайати эронӣ дар севумин конфронс байналмилалии сатҳи олии даҳаи байналмилалии иқдоми «Об барои тавсеаи пойдор, 2018-2028» дар рӯзи сешанбе 11 июн ширкат ва суханронӣ кард.

 Сафири Эрон бо ишора ба ҳамабастагии об, ғизо ва энергӣ дар заминаи об барои тавсеаи пойдор изҳор дошт, Эрон садҳо(обанборҳо)и муштараки зиёде бо кишварҳои ҳамсоя дорад, ки собиқаи баҳрабардорӣ аз онҳо ба беш аз 50 сол мерасад ва ахиран низ як сади муштараки ҷадидро, ки тавассути муҳандисони эронӣ рӯйи рӯдхонаи марзӣ бо ҷумҳури Озарбойҷон сохта шудааст, ифтитоҳ кардем.

 

Барчасп