Ҷавонони белгиёӣ дар номае ба Раҳбари инқилоби исломӣ: Амиқан таҳти таъсири паёми даъвати Шумо қарор гирифтаем
Июл 24, 2024 09:12 Asia/Dushanbe
Ҷамъи касире аз ҷавонони белгиёӣ дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон аз номаи чанде пеши эшон дар ҳимоят аз тазоҳуроти ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза дар донишгоҳҳои Амрико ва Аврупо, самимона қадрдонӣ карда ва эълом карданд, амиқан таҳти таъсири паёми даъвати Шумо қарор гирифтаем.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр дар номаи ҷавонони белгиёӣ ба Раҳбари муаззами инқилоби омада: Талошҳои хастагинопазири эшон барои дарки мутақобил, адолату ҳамбастагӣ дар пардохтан ба чолишҳои печидае, ки бо он рӯбарӯ ҳастанд аз аҳаммияти асосӣ бархӯрдор аст ва ҳамагӣ мусаммам ҳастем дарки худро нисбат ба ислом таъмиқи бахшем.
Ин нома дар нусхаҳое ба забонҳои форсӣ, англисӣ, фаронсаӣ ва арабӣ ва бо ҳаштаги “LETTER4LEADER” мунташир шудааст.