Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Имрӯз баландтарин парчами Ислом дар дастони мардуми Ғазза аст
(last modified 2024-07-30T13:07:44+00:00 )
Июл 30, 2024 18:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори Ҳания ва Нахола бо Раҳбари муаззами инқилоби Эрон
    Дидори Ҳания ва Нахола бо Раҳбари муаззами инқилоби Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таҷлил аз рашодати мардуми мазлуму муқтадири Ғазза гуфтанд: Имрӯз баландтарин парчами Ислом дар дастони мардуми Ғазза аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбарӣ,  ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе дар дидори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин, бо таҷлил аз истодагиву муқовимати камназири мардуми мазлуми Ғазза таъкид карданд: Имрӯз баландтарин парчами Ислом дар дасти миллати Фаластин ва мардуми Ғазза аст ва ба баракати ин муқовимат заминаи тарвиҷи беш аз пеши Ислом фароҳам омадааст.

Исмоил Ҳания низ бо табрики интихоби раисиҷумҳури ҷадиди Эрон, баргузории интихоботи ахирро ҷилвае аз мардумсолорӣ бар мабнои тафаккури исломӣ донист ва бо ишора ба дидори худ бо Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон гуфт: Дар ин дидор бори дигар мавозеи хубу мустаҳками Ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи мавзӯи Фаластин ва ҷараёни муқовимат мушоҳида шуду миллати Фаластин аз ин мавозеъ эҳсоси ифтихор мекунанд.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос ҳамчунин бо ташреҳи охирин вазъияти майдонӣ ва сиёсӣ дар Ғазза ва Каронаи бохтарӣ гуфт: Дирӯз сесадумин рӯзи ҷанги Ғазза буду муқовимат ба марҳалае ҳассосу таърихӣ расида, ки мардуми Фаластин ва неруҳои муқовимат бояд қаҳрамониву пирӯзии худро тасбит кунанд.

 

Барчасп