Исломӣ: Тибқи эъломи Ожонси энержии атомӣ, инҳирофе дар барномаи ҳастаии Эрон вуҷӯд надорад
(last modified Sun, 08 Sep 2024 04:27:48 GMT )
Сентябр 08, 2024 09:27 Asia/Dushanbe
  • Исломӣ: Тибқи эъломи Ожонси энержии атомӣ, инҳирофе дар барномаи ҳастаии Эрон вуҷӯд надорад

Порс тудей - Раиси Созмони энержии атомии Эрон бо баёни инки истикбору саҳюнистҳо унвон мекунанд, Эрон барномаи пинҳонӣ ва эълом нашудаи ҳастаӣ дорад, таъкид кард: Тибқи эъломи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, инҳирофе дар барномаи ҳастаи Эрон вуҷӯд надорад.

Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Беш аз 20 сол аст, ки парвандаи ҳастаӣ барои Эрон боз шуда ва истикбор ва саҳюнистҳо унвон мекунанд, ки Эрон барномаи пинҳонӣ ва эълом нашудаи ҳастаӣ дорад ва бо ин тарфанд онҳо мехоҳанд ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ фишор биоваранд. Ба гузориши Порс тудей, Исломӣ тасреҳ кард: Ожонси байналмилалии энержии атомӣ эълом кард, ҳеҷ инҳирофе дар барномаи ҳастаии Эрон вуҷӯд надорад, вале бо хурӯҷи Амрико аз БарҶом онро мутаваққиф карданд, ки ин мусодиф бо ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон буд.

Исломӣ афзуд: Эрон ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом амал кард, вале се кишвари аврупоӣ (Фаронса, Олмон ва Англия) ва Амрико парчамдори мубориза бо барномаи ҳастаии Эрон шуданд.

Вай тасреҳ кард: Кишваре, ки тааҳҳудоти худро дар БарҶом анҷом надодааст, ҳақ надорад талабкор шавад ва бояд посухгӯ бошад. Ҳамакнӯн ҳарфи ҷадиди истикбор ва саҳюнист тарс аз бомби атом нест, тарси онон аз қудрати саноати ҳастаии Эрон аст.

 

Барчасп