Шаби тиллоии корвони Эрон дар паралампиада/ аз касби се медоли тилло то рекордшиканӣ
(last modified Sun, 08 Sep 2024 06:05:34 GMT )
Сентябр 08, 2024 11:05 Asia/Dushanbe
  • Шаби тиллоии корвони Эрон дар паралампиада/ аз касби се медоли тилло то рекордшиканӣ

Порс тудей - Корвони варзиши Эрон дар нуҳумин рӯзи Бозиҳои паралампиада дар Порис, илова бар касби се медоли тилло дар паравазнабардорӣ, партоби вазна ва волейболи нишаста, рекурдшиканӣ ҳам кард.

Ҳафдаҳумин давраи рақобатҳои паралампиадаи 2024 Порис аз 27 август то 8 сентябр бо ҳузури чаҳор ҳазору 400 варзишкор аз 188 кишвар дар 22 ришта дар ҳоли баргузорӣ аст ва 65 варзишкор дар 10 риштаи варзишӣ аз Эрон низ дар ин овардгоҳи муҳимми ҷаҳонӣ ширкат карданд.

Ба гузориши Порс тудей, шомгоҳи ҷумъа дар дидори финоли рақобатҳои волейбол нишаста, тими миллии Эрон ба масофи Босния ва Ҳерзеговина рафт, ки бо бартарии се бар як барои ҳаштумин бори қаҳрамони Бозиҳои паралампиада шуд ва ба медол тилло расид.

Дар идомаи рақобатҳои парадавамайдонии ҳафдаҳумин давраи Бозиҳои паралампиада, ки дар Порис пайгирӣ мешавад, Ёсини Хусравӣ аз Эрон дар беҳтарин партоби худ 15 метру 96 сантиметрро ба сабт расонад ва бо ин рекорд ба унвони қаҳрамонӣ ва медоли тилло даст пайдо кард. Ӯ тавонист рекорди Бозиҳои паралампиадаро ҳам бишиканад.

Рӯҳуллоҳи Рустамӣ дигари варзишкори эронӣ низ дар рақобатҳои паравазнабардорӣ бо маҳори вазнаи 242 килограм ба медоли тиллои ин давра аз бозиҳо даст пайдо кард. Рустамӣ бо маҳори ин вазна рекорди ҷаҳон ва паралампиадаро ҷобаҷо кард. Ӯ бо маҳори вазнаи 242 килограмӣ пас аз 8 сол рекорди дунёро муҷаддадан шикаст ва ин бор бо як килограм изофатар аз рекорди қаблии худ, рекорддор шуд.

Гуфтанист, дар поёни нуҳумин рӯз аз Бозиҳои паралампиадаи 2024 Порис, корвони Эрон бо 6 тилло, 10 нуқра ва 6 брунз дар радаи чаҳордаҳум тавзеъи медолҳо қарор гирифтааст.

 

Барчасп