Ифтитоҳи дафтари намояндагии Шӯрои тиҷорати Шветсия дар Теҳрон
(last modified Sun, 12 Feb 2017 07:08:26 GMT )
Феврал 12, 2017 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи дафтари намояндагии Шӯрои тиҷорати Шветсия дар Теҳрон

Раиси утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Эрон гуфт, иртиқои ҳамкориҳои бонки байн Эрон ва Шветсия, шарти асосӣ ва зарурии тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар аст.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломҳусейни Шофеӣ, раиси утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Эрон, рӯз шанбе дар дидор Ilva Berry-раиси Шӯрои тиҷорати Шветсия дар Теҳрон, афзуд, мавқеияти ҷуғрофиёии Эрон дар минтақа, фурсате барои иртиқои ҳамкориҳои ду ё сеҷонибаро фароҳам кардааст.

Шофеӣ тасреҳ кард, Эрон масири дастрасӣ ба бозори Осиёи Марказӣ, минтақаи Қафқоз ва бозори 400 миллионнафарии минтақа аст, ки фурсати хуберо барои тавсеаи муносибот фароҳам мекунад.

Ilva Berry, раиси Шӯрои тиҷорати Шветсия ҳам дар ин дидор ифтитоҳи дафтари намояндагии Шӯрои тиҷорати Шветсия дар Теҳронро, натиҷаи 9 моҳ таҳқиқ дар бораи масоили иқтисодӣ ва зарфиятҳои ҳамкорӣ бо Эрон эълом кард.

Ilva Berry афзуд, роҳандозии дафтари Шӯрои тиҷорати Шветсия, ки дар 50 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад, фурсати шинохти бештари фаъолони иқтисодии ду кишвар ва сармоягузорӣ дар тарҳҳои зерсохтиро фароҳам мекунад.

Вай ҳамчунин сафари намояндагони 70 ширкати шветсияӣ ба Теҳронро нишондиҳандаи азми ин кишвар барои тавсеаи муносибот бо Эрон донист.

Ҳайати иқтисодии Шветсия, рӯзи шанбе ба ҳамроҳи Стефан Лёвен, нахуствазири ин кишвар ба Теҳрон сафар кард.