Март 23, 2017 16:39 Asia/Dushanbe
  • 13 тарҳи дигар дар Хуросони ҷанубӣ ифтитоҳ ва ё шурӯъ шуд.
    13 тарҳи дигар дар Хуросони ҷанубӣ ифтитоҳ ва ё шурӯъ шуд.

15 тарҳу пружаи муҳими умронӣ, иқтисодӣ ва зербиноӣ дар вилояти Хуросони ҷанубӣ (шарқи Эрон) дар маросиме бо дастури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва аз тариқи видео-конфронс ифтитоҳ ва ё раванди иҷрои онҳо оғоз шуд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе аз тариқи видео-конфронс дар маросими ифтитоҳи анбори захираи нафти Бирҷанд (маркази устон), бар аҳамияти захоири фаровардаҳои нафтӣ барои Эрон, ба вижа дар бахши содирот таъкид кард.

Раиси ҷумҳурии Эрон афзуд, ифтитоҳи ин гуна махзанҳо метавонад сабаби ҷалби эътимоди мардум, корофаринон ва мубориза бо қочоқ бошад. Дар ин маросим Бежани Зангана, вазири нафти Эрон низ ҳузур дошт.

Муҳимтарин ҳадафи сохти ин анбори захирасозӣ бо зарфияти 105 миллион литр нафт дар ҳудуди 25 гектар, тавваҷуҳ ба содироти фаровардаҳои нафтӣ аз устони Хуросони ҷанубӣ ба Афғонистон будааст.

Майдони 15 ҳазор нафарии Бирҷанд низ ба унвони бузургтарин пружаи варзишии устони Хуросони ҷанубӣ бо ҳузури вазири варзишу ҷавонони Эрон ва тавассути Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурӣ аз тариқи видео-конфронс ифтитоҳ шуд. Раванди иҷрои ин пружаи варзишӣ, ки дорои 61 ҳазору 380 метри мураббаъ зербино аст, дар соли 2006 оғоз шуда буд.

Бар асоси ин гузориш, 13 тарҳи дигар дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, аз ҷумла шабакаҳои обрасонӣ, барқрасонӣ ва газрасонӣ ба дастури раиси ҷумҳурии Эрон ифтитоҳ ё сохтусози он шуруъ шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон субҳи чаҳоршанбе дар сафаре якрӯза, ба манзури ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ аз чандин тарҳу пружаи умронӣ ва тавлидӣ, вориди устони Хуросони ҷанубӣ (шарқи Эрон) шуд.

 

Барчасп