Раҳбари инқилоби исломӣ: Эрон бо баргузории ҳамапурсӣ барои ҷудоии як бахш аз Ироқ мухолиф аст
(last modified Wed, 21 Jun 2017 04:35:55 GMT )
Июн 21, 2017 09:35 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Эрон бо баргузории ҳамапурсӣ барои ҷудоии як бахш аз Ироқ мухолиф аст

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таҷлил аз ваҳдату инсиҷоми ҳамаи ҷараёнҳои сиёсиву мазҳабии Ироқ дар мубориза бо ДИИШ, Нерӯҳои мардумиро падидае муҳиму муборак ва омили иқтидор дар Ироқ хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри сешанбе дар дидори Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфтанд: "Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони ҳамсоя, бо бархе замзамаҳо дар бораи баргузории ҳамапурсӣ барои ҷудоии як бахш аз Ироқ мухолиф аст ва доманзанандагон ба ин мавзӯро мухолифони истиқлолу ҳуввияти Ироқ медонад".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар лузуми ҳифзи якпорчагии сарзамини Ироқ таъкид карданд: "Бояд муқобили амрикоиҳо ҳушёр буд ва ба ҳеч ваҷҳ ба онҳо эътимод накард, зеро Амрико ва пайравонаш мухолифи истиқлол, ҳуввият ва ваҳдати Ироқ ҳастанд".

 Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба мухолифати Амрико ва пайравонаш бо Нерӯҳои мардумӣ ишора карданду афзуданд: "Мухолифати амрикоиҳо бо Нерӯҳои мардумӣ ба ин иллат аст, ки онҳо мехоҳанд Ироқ омили муҳими иқтидори худро аз даст бидиҳад".

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: "Ба ҳеч ваҷҳ ба амрикоиҳо эътимод накунед, зеро онҳо мунтазири фурсат ҳастанд то зарбаи худро ворид кунанд".

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бурузи ихтилофу дудастагӣ дар Ироқро фурсати мавриди назари Амрико барои зарба задан хонданду гуфтанд: "Набояд ин фурсат ба онҳо дода шавад, зимни он ки бояд аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ ба баҳонаи омӯзишу масоили дигар ҷилавгирӣ кард".

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки мухолифати амрикоиҳо бо ДИИШ воқеӣ нест, хотирнишон карданд: "Амрикоиҳо ва бархе кишварҳои тобеи он дар минтақа ба дунболи нобудӣ ва решакании ДИИШ нестанд, зеро ДИИШ бо ҳимояту пули онҳо ба вуҷуд омадаасту тамоюл доранд як ДИИШ-е ки дар мушти онҳо бошад, дар Ироқ боқӣ бимонад".

 

Барчасп