Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали Рӯҳонӣ дар мансаби худ боқӣ монд
(last modified Tue, 08 Aug 2017 12:38:16 GMT )
Август 08, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали Рӯҳонӣ дар мансаби худ боқӣ монд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Исҳоқи Ҷаҳонгириро бори дигар ба ҳайси муовини аввали худ мансуб кард.

Дар ҳукми Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ ба истинод ба асли 124-и Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо таваҷҷуҳ ба хадамоти муваффақ, тааҳҳуд ва шоистагиҳояш ба симмати муовини аввали раисҷумҳур баргузида шудааст. Исҳоқи Ҷаҳонгирии 60-сола дар давраи нахусти давлати Рӯҳонӣ низ муовини аввали ӯ буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз ҳамчунин бар пояи асли 133-и Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон номи вазирони пешниҳодии худро барои гирифтани раъйи эътимод ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ироа кард. Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳафтумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе, дар оғози дувумин давраи раёсатҷумҳурияш дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ савганд ёд кард, ки посдори Ислом, низоми ҷумҳурии исломӣ ва Қонуни Асосии Эрон мебошад.