Сафири Эрон дар Ироқ: Беш аз се миллион зоир аз Эрон вориди Карбало хоҳанд шуд
(last modified Sat, 04 Nov 2017 12:57:03 GMT )
Ноябр 04, 2017 17:57 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Ироқ: Беш аз се миллион зоир аз Эрон вориди Карбало хоҳанд шуд

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Ироқ гуфт: Пешбинӣ мешавад, теъдоди зоирони эронӣ ва дигар зоирони кишварҳои мухталиф, ки аз марзҳои Эрон вориди Ироқ мешаванд, то як ҳафтаи оянда аз марзи се миллион нафар убур кунад.

Эраҷи Масҷидӣ рӯзи шанбе дар ҳошияи сафар ба шаҳри Кут, маркази устони Восит дар шарқи Ироқ дар гуфтугӯ бо Ирно тасреҳ кард: Бар асоси охирин иттилоот, теъдоди зоирони имсоли маросими Арбаини Ҳусайнӣ, бо як афзоиши 300 ҳазор нафарӣ рӯ ба рӯ хоҳад буд .

Сафири Эрон дар Бағдод афзуд: То рӯзи панҷшанбеи гузашта як миллиону 700 ҳазор зоири эронӣ аз марзҳои заминӣ ва ҳавоӣ вориди Ироқ шудаанд .

Бар асоси оморҳои эъломшуда, соли гузашта беш аз ду миллион зоири эронӣ барои маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) вориди Ироқ шуданд.

Панҷшанбе 20 сафари соли 1439 ҳиҷрии ‌қамарӣ, мусодиф бо 9 ноябри 2017, чиҳилумин рӯзи шаҳид шудани солори шаҳидон, ҳазрати имом Ҳусайн (а), имоми сеюми шиаён аст. Ҳар сол садҳо ҳазор зоири эронӣ барои ширкат дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ ба Карбало сафар мекунанд .

 

Барчасп