Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Поёни ДИИШ шикасти зиллатбори Амрико ва режими саҳюнистӣ буд
(last modified Fri, 24 Nov 2017 13:00:39 GMT )
Ноябр 24, 2017 18:00 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Поёни ДИИШ шикасти зиллатбори Амрико ва режими саҳюнистӣ буд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон шикасти ДИИШ-ро шикасти зиллатборе барои Амрико, Исроил ва саҳюнизми байналмилалӣ унвон кард.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козим Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба поёни кори ДИИШ гуфт, Амрико, режими саҳюнистӣ ва Арабистон бо ташкили ДИИШ ба дунболи эҷоди ошӯбу ҷанг, даргирию ноамнӣ дар минтақа буданд, аммо тавтеаҳои онон “нақше бар об шуд”. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, маҷмӯи ҷиноятҳои таърихи башарият дар ДИИШ хулоса мешавад ва тахриби масоҷиду куштори инсонҳои бегуноҳ, сар буридану зинда сӯзонидани инсонҳо бахше аз ҷиноёти ин гурӯҳи хабис буд.

Ҳуҷҷатулислом Козим Сиддиқӣ раҳбарии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, нақши муассири оятуллоҳ Систонӣ, марҷаи олиқадри мусалмонони Ироқ, фармондеҳии  генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, имон, ҷиҳод ва шаҳодатталабии нерӯҳои мардумии Ироқу Сурия, давлатҳои ин ду кишвар ва ҳимояти мақомҳои эрониро аз авомили пирӯзӣ бар ДИИШ унвон кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки душманон ҳамчунон дар сададанд, бо эронҳаросӣ ба низоми ҷумҳурии исломӣ зарба бизананд, тасреҳ кард, низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯз то рӯз қавитар мешавад.