Рушди 45 баробарии тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистони пас аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ
(last modified Mon, 04 Dec 2017 12:45:26 GMT )
Декабр 04, 2017 17:45 Asia/Dushanbe
  • Рушди 45 баробарии тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистони пас аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон эълом кард: Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон аз 200 тонна дар соли 2001 ба беш аз 9000 тонна дар соли 2017 расидааст.

Алии Лориҷонӣ дар ойини гушоиши Конфронси байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир дар Маскав афзуд: Афзоиши тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон, илова бар гузоштани таъсирҳои мухарриб бар ин кишвар, ҳазинаҳои ҷуброннопазиреро бар кишварҳои масири транзит ба вижа ҳамсоягони Афғонистон таҳмил кардааст .

Ӯ бо таъкид бар инки наметавон терроризм ва тавлиду қочоқи маводи мухаддирро аз якдигар ҷудо кард, гуфт: Қочоқчиёни маводи мухаддир, террористҳо ва ҳомиёни онҳо дар сутуҳи мухталиф, манофеи муштарак доранд .

Лориҷонӣ ба талошҳои ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ ишораву таъкид кард: Эрон ба унвони хати муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон беш аз се ҳазор шаҳид дар ин роҳ тақдим кардааст .

Табодули таҷрубиёт ва иттилоот дар бораи қавонин ва сиёсатҳои мусавваби кишварҳо дар ҳавзаҳои муртабит бо маводи мухаддир ва ташкили гурӯҳҳои парлумонии мубориза бо маводи мухаддир аз роҳкорҳои ироашудаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ барои мубориза бо маводи мухаддир буд .

Конфронси байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир бо ширкати раисони парлумонҳои беш аз 40 кишвари ҷаҳон аз ҷумла ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар Маскав оғоз ба кор кард .