Коршиноси тоҷик: Сафари вазири хориҷаи Эрон навиддиҳандаи равобити ҷадиди байни Эрон ва Тоҷикистон аст+файли савтӣ
(last modified Tue, 05 Dec 2017 09:49:04 GMT )
Декабр 05, 2017 14:49 Asia/Dushanbe

Рӯзноманигор ва коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон гуфт: Сафари доктор Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон, навиддиҳандаи оғози равобите ҷадид дар байни ду кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қосими Бекмуҳаммад дар гуфтугӯ бо хабарнигори мо афзуд: Бозгашти равобити ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба вазъияти оддӣ ба нафъи ҳар ду кишвар ва омили таҳкиму суботи онҳост .