Декабр 31, 2017 17:45 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии сафири Фаластин дар Теҳрон аз рӯйкарди раҳбари муаззами инқилоби исломӣ нисбат ба Фаластин

Сафири Фаластин дар Теҳрон аз рӯйкард ва дидгоҳи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ нисбат ба Фаластин ва гурӯҳҳои фаластинӣ қадрдонӣ кард.

Салоҳ Завовӣ, сафири Фаластин дар Теҳрон дар гуфтугӯ бо Илно дар бораи ҳимояти ҷумҳурии исломии Эрон аз муқовимати фаластиниён баробари ишғолгариҳои режими саҳюнистӣ афзуд: Миллати Фаластин ҳамвора қадрдони муҳаббатҳои давлат ва мардуми Эрони исломӣ дар ҳимоят аз ҷарёни муқовимат аст.  

Сафири Фаластин дар Теҳрон ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳои исломӣ хост, то фаластиниёнро дар дифоъ аз сарзаминҳои исломӣ ёрӣ диҳанду монеи идомаи ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар ҷаҳони ислом шаванд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабри 2017 эълом кард: Амрико Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад .

Ҷумҳурии исломии Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки ин иқдоми раисҷумҳури Амрикоро маҳкум карду онро нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ донист .

Бисёре аз кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ ҳам иқдоми Доналд Трамп дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум карданд .

 

Барчасп