Қосимӣ: Ҳузури Эрон дар Сурия, мусташорӣ ва ба дархости давлати қонунии ин кишвар аст
(last modified Sat, 10 Feb 2018 13:11:17 GMT )
Феврал 10, 2018 18:11 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Ҳузури Эрон дар Сурия, мусташорӣ ва ба дархости давлати қонунии ин кишвар аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурия, мусташорӣ ва ба дархости давлати қонунии ин кишвар аст.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҷовузҳои ахири ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба хоки Сурия ва сарнагунии як адад аз онҳо тавассути падофанди ҳавоии артиши Сурия, афзуд, Сурия ба унвони як кишвари мустақил ҳаққи дифои машрӯъ аз тамомияти арзӣ ва муқобила бо ҳар навъ таҷовузи хориҷиро дорост ва режими саҳюнистӣ наметавонд, бо фарофиканӣ ва дурӯғпардозиҳои ҳамешагӣ, ки ҳамзоди ин режими номашруъ аст, бар таҷовузҳо ва ҷиноёти худ зидди миллатҳои мусулмони минтақа, сарпӯш бигузорад.

Қосимӣ тасреҳ кард, иддаои парвози паҳпод(ҳавопаймои бидуни сарнишин)-и эронӣ ва низ дахолати Эрон дар сарнагунии ҷангандаи мутаҷовизи саҳюнистӣ хандадортар аз он аст, ки ба он пардохта шавад; Чаро, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузури мусташорӣ дар Сурия, он ҳам ба дархости давлати машрӯъ ва қонунии он кишвар дорад.

Падофанди ҳавоии артиши Сурия бомдоди имрӯз (шанбе), як адад ҷангандаи “F16” мутаҷовизи артиши режими саҳюнистиро сарнагун кард.  

Соате пас аз ҳадаф қарор гирифтани ҷангандаи режими саҳюнистӣ тавассути падофанди ҳавоии артиши Сурия, ҷангандаҳои исроилӣ бори дигар аҳдоферо дар устони Рифи Димишқ дар дохили хоки Сурия, бомбаборон карданд.

 

Барчасп