Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Тавони дифоии Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ қобили музокира нест
(last modified Fri, 02 Mar 2018 12:11:12 GMT )
Март 02, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Тавони дифоии Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ қобили музокира нест

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, Эрон ҳамчунон дар арсаи тавони дифоӣ ва боздорандагӣ ба сохти таҷҳизоти дифоӣ, аз ҷумла мушакӣ идома медиҳад ва ин тавон ба ҳеҷ ваҷҳ қобили музокира нест.

Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: “Эрон дар ин арса аз ҳеҷ кишваре иҷоза намегирад ва дар афзоиши тавони боздорандагӣ талош хоҳад кард".

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар идома бо ишора ба ҷиноёти Арабистон дар Яман ин кишварро қатлгоҳи мардуми бегуноҳ хонд. Ӯ тасреҳ кард, режими Оли Сауд ҳамчунон дар кишваре, ки беморӣ, қаҳтӣ, гуруснагӣ мардуми мазлуми Яманро таҳдид мекунад, ба қатлу ҷинояташ идома медиҳад.

Оятуллоҳ хотамӣ Баҳрайнро низ бузургтарин зиндони сиёсии ҷаҳон баршумурда гуфт, Баҳрайн ба зиндони бузург барои мардуми худоҷӯи ин кишвар табдил шудааст ва ҳар рӯз ҷавонони Баҳрайн ба эъдом, ҳабси абад ва зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум мешаванд. Ӯ афзуд, ба зудӣ хуни мазлумони Баҳрайн ба нобудии режими Оли Халифа мунҷар шуда, миллати Баҳрайн ба озодӣ хоҳад расид. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба куштори ҳазорон мусалмони миёнморӣ ба дасти ифротиҳои буддоӣ аз Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои ҳуқуқи башари ин созмон ва ҷамъиятҳои башардӯстонаи байналмилалӣ хост, то монеи ин гуна куштору ҷиноят шаванд.