Таъкиди раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар истимрори пешрафт ва афзоиши тавони артиши Эрон
(last modified 2018-04-22T14:31:43+00:00 )
Апрел 22, 2018 19:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар истимрори пешрафт ва афзоиши тавони артиши Эрон

Фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон бо таҳсини коромадӣ ва таҷоруби арзишманди кормандони қадимии артиш ва ибрози умедворӣ дар бораи ояндаи дурахшони ҷавонони он, бар истимрори пешрафт ва афзоиши тавони артиш таъкид карданд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон дар дидори фармондеҳи кул ва ҷамъе аз фармондеҳони нерӯи заминии артиши ҷумҳурии исломии Эрон, хотирнишон карданд: Пешрафтҳо бояд ҳамчунон идома пайдо кунад, то артиши фардо аз артиши имрӯз беҳтар, қавитар, коромадтар ва инқилобитар бошад.  

Дар ин дидор, ки ба муносибати рӯзи артиш баргузор шуд, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба ҷавонони артиш, таъкид карданд: “Аз шумо ҷавонони азиз мехоҳам, ҳамаи ибтикорот, талошҳо ва зарфиятҳои инсонии худро барои пешбурд ва эътилои артиш бакор андозед”.  

29 фарвардин (18 апрел) дар тақвими Эрон рӯзи артиши ҷумҳурии исломӣ ва нерӯи заминӣ номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп