Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз Оли Сауд ба унвони муздури Амрико ном бурд
(last modified Fri, 02 Sep 2016 12:06:07 GMT )
Сентябр 02, 2016 17:06 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз Оли Сауд ба унвони муздури Амрико ном бурд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, мардуми Эрон фоҷеаи нангин ва марг‎бори Мино дар ҳаҷҷи соли гузаштаро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба дар пеш будани моҳи "зилҳаҷҷа" ва аҳамияти маносики ҳаҷ афзуд: "Ба гуфтаи коршиносон, агар дар маросими ҳаҷҷи соли гузашта масъулони саудӣ масъулиятпазирии бештаре дар барқарории амнияти зоирон доштанд, дар фоҷеаи Мино ҳазорон зоири бегуноҳ ҷон наме‎бохт".

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо таъкид бар ин ки ҳаҷ барои Ислом азамат дар пай дорад, гуфт:" Уммати Ислом дар амали ҳаҷ бояд душман ва авомили тавтеа ва тафриқа дар роҳи азамати худро бишносанд".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки агар ҳаҷ ба монанди ҳаҷҷи Иброҳим анҷом шавад, дигар набояд муслимин мушкиле дошта бошанд, ибрози умедворӣ кард: "Ҳарамайни шарифайн аз дасти ваҳҳобиюн халос шавад то мусулмонон битавонанд бо амнияти комил аз ҳаҷ баҳра гиранд ва инзиҷори худро аз душманони Ислом эълом кунанд".

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ аз Оли Сауд ба унвони муздури Амрико ном бурд, ки иҷоза намедиҳад мусулмонон аз ҳаҷ баҳра бигиранд.

Хатиби муваққти ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба пешрафтҳо дар санъати дифоии Эрон дар солҳои ахир, аз талоши нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломӣ дар ҷомаи амал пӯшонидан ба дастуроти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар иртиқои тавони дифоӣ ва таҳоҷумии Эрон қадрдонӣ кард.

Хатиб намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: "Дар дунёе, ки қудрат‎ҳои зӯргӯ ва султагар аз таҷовуз ба кишварҳо ва куштори инсонҳои бегуноҳ ҳеҷ ибое надоранд, афзоиши тавони дифоӣ ва таҳоҷумӣ ҳаққи мусаллам ва қатъии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст".

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баёни ин ки иқтидори саноеи дифоӣ тарсу ваҳшати бисёре дар душманон эҷод кардааст, гуфт: "Имрӯз ноамнӣ дар кишварҳои перомуни Эрон ва минтақа мавҷ мезанад, аммо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба лутфи нерӯҳои мусаллаҳи муқтадир ва қудратманд, амнияти комил барқарор аст".

 

Барчасп