Шахсиятҳои лубнонӣ: Андеша ва роҳи имом Хумайнӣ (р) улгуи тамоми озодагони ҷаҳон аст
Июн 03, 2018 17:04 Asia/Dushanbe
Шахсиятҳои мусулмон ва масеҳии лубнонӣ ба муносибати бисту нуҳумин солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (р) таъкид карданд, андеша ва роҳи имом (р) танҳо маҳдуд ба Эрон нест, балки мухотаби он тамоми озодагони ҷаҳон аст.
Аюб Ҳамид, намояндаи Маҷлиси Лубнон дар ҳошияи маросими солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (р) дар сафорати Эрон дар Бейрут гуфт, солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (р) ҳамвора дар ҷон ва дил ва зеҳни муъминон, ёдовари озодагӣ ва тағйир аст ва метавонем аз омӯзаҳо ва таолими имом (р) илҳом бигирем.
Шайх Муҳаммад Алзаъбӣ, раиси дафтари таблиғии ҷунбиши тавҳиди исломии Лубнон таъкид кард, имом Хумайнӣ (р) дидгоҳи ҷаҳон ва дидгоҳи мусулмононро ба ислом тағйир дод.