Намояндаи Эрон дар ОПЕК: Арабистон зарфияти афзоиши тавлиди 2 миллион бушка нефтро надорад
(last modified Sun, 01 Jul 2018 04:14:04 GMT )
Июл 01, 2018 09:14 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар ОПЕК: Арабистон зарфияти афзоиши тавлиди 2 миллион бушка нефтро надорад

Намояндаи Эрон дар Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) шанбешаб дар вокуниш ба дархости Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон барои афзоиши тавлиди нефти ин кишвар ба мизони 2 миллион бушка дар рӯз, гуфт, Риёз чунин зарфияте надорад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасан Козимпури Ардабилӣ афзуд, албатта агар Арабистон чунин коре ҳам кунад, ин иқдом ба маънои дастури хурӯҷи ин кишвар аз ОПЕК аст.

Намояндаи Эрон дар ОПЕК тасреҳ кард, 15 узви ин созмон, 22 июн, дар 174-умин нишасти ОПЕК дар Вена тасмим гирифтанд, тавофуқи пешини худ мабни бар коҳиши рӯзона як миллиону 200 ҳазор бушкаӣ ва расондани сақфи тавлид ба 32 миллиону 500 ҳазор бушкаро ҳифз ва танҳо аз миқдори коҳиши тавлиди беш аз тааҳҳуди худ, бикоҳанд ва пойбандии худ ба сақфи тавлидро ба 100 дарсад бирасонанд.

Трамп субҳи шанбе дар “Твиттер” навишт, подшоҳи Арабистон бо дархости вай барои афзоиши тавлиди нефт ин кишвар ба мизони 2 миллион бушка мувофиқат кардааст.

Раисиҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, ин дархост бо ҳадафи ҷуброни коҳиши тавлидоти нефтии Эрон ва Венесуэла сурат гирифтааст.

Амрико пас аз хурӯҷ аз БАРҶОМ аз муттаҳидонаш дархост карда, ба унвони бахше аз таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Теҳрон, воридоти нефт аз Эронро ба сифр бирасонанд.

Вазири нефти Эрон 19 июн дар Вена бо таъкид бар инки ОПЕК аз Трамп дастур намегирад, тасреҳ кард, аз нефт набояд ба унвони силоҳ ва абзори сиёсӣ алайҳи кишварҳои дигар истифода шавад.

Бижани Зангна таъкид кард, ҳар тасмиме дар ОПЕК ниёз ба иҷмоъ миёни аъзо дорад.

Трамп 8-уми май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хурӯҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ зарфи муддати се то 6 моҳи ояндаро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷиҳ шуд.

 

Барчасп