Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Қудрати боланда, пештоз ва пуршитоби Эрон мутаваққиф нахоҳад шуд
(last modified Fri, 13 Jul 2018 10:47:32 GMT )
Июл 13, 2018 15:47 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Қудрати боланда, пештоз ва пуршитоби Эрон мутаваққиф нахоҳад шуд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон хитоб ба сарони Амрико, Арабистон ва режими саҳюнистӣ, гуфт: Қудрати Эрон, қудрати боланда, пештоз ва пуршитоб аст ва ин раванд ҳаргиз мутаваққиф нахоҳад шуд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон иқтидори сиёсӣ, дифоъӣ, амниятӣ ва илмии Эронро мисолзаданӣ донист.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон изҳор кард: Ин иқтидор ба ҳамроҳи эҷоди ҷабҳаи муқовамат ва низ пирӯзӣ дар арсаҳои тақобул бо низоми султа, дастоварди сабри миллати Эрон ва размандагон дар даврони дифои муқаддас ва фарозу нишебҳо аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абутуробифрд бо ишора ба тавтиаҳои душманон барои фишори иқтисодӣ ба Эрон, афзуд: Мудирони иқтисодии Эрон, бо дар пеш гирифтани тадбирҳое, Ҷумҳурии Исломии Эронро ба як қудрати боландаи иқтисодӣ дар Осиё ва нақшофарин дар муодилоти иқтисодии ҷаҳон табдил хоҳанд кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳаракати худ, ки мубтанӣ бар омӯзаҳои илоҳӣ аст, идома хоҳад дод ва ҳар рӯз сангарҳои ҷадидеро фатҳ хоҳад кард.