Истиқболи расонаҳои Покистон аз гуфтугӯи Рӯҳонӣ ва Имрон Хон
(last modified Thu, 09 Aug 2018 15:15:07 GMT )
Август 09, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расонаҳои Покистон аз гуфтугӯи Рӯҳонӣ ва Имрон Хон

Расонаҳои Покистон аз гуфтугӯи телефонии раисҷумҳури исломии Эрон бо раҳбари пирӯзи “таҳрики инсоф” дар интихоботи Покистон истиқбол карданд.

Бештари рӯзномаҳо ва расонаҳои интернетии покистонӣ хабари гуфтугӯи телефонии Ҳасани Рӯҳонӣ бо Имрон Хон ва даъвати Рӯҳонӣ аз раҳбари таҳрики инсофи Покистон барои ширкат дар иҷлоси ҳамкориҳои Осиё дар ноябри оянда дар Теҳронро дар садри хабарҳои худ қарор доданд.

Рӯзномаҳои Ниюзи Покистон, Покистони имрӯз, Експресс Трибун, Таймс Покистон, канали телевизионии ARY News, торнамои хабарии Дана Ниюз, канали телевизионии Бул, канали телевизионии Abb Tak, рӯзномаҳои урдузабони Ҷанг, Навои вақт, Експресс ва Дана низ дар ахбори ҷудогона, бо ишора ба тамоси телефонии раисҷумҳури исломии Эрон бо Имрон Хон эълом карданд, ки раҳбари таҳрики инсофи Покистон, даъвати Ҳасани Рӯҳониро пазируфта ва ба зудӣ ба Теҳрон сафар мекунад.