Нахустин сафари вазири хориҷаи ҷадиди Англия ба Эрон
(last modified Mon, 19 Nov 2018 17:06:20 GMT )
Ноябр 19, 2018 22:06 Asia/Dushanbe
  • Нахустин сафари вазири хориҷаи ҷадиди Англия ба Эрон

Вазирони умӯури хориҷаи Эрон ва Англия дар Теҳрон дидор ва дар бораи муҳиммтарин масоили минтақаӣ, табодули назар карданд.

Ба гузориши идораи кулли дипломасии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, муҳиммтарин мавзӯъ дар дидори рӯзи душанбеи Муҳаммадҷаводи Зариф ва Ҷереми Хант (Jeremy Hunt) дар Теҳрон, авзои Яман ва баррасии роҳҳои поён ёфтани ҳарчӣ сареътари ҷанг дар ин кишвар буд.

Ҳамчунин ду тараф заминаҳои мухталифи равобит ва муносиботи дуҷониба, аз ҷумлаи масоили муртабит бо созукори молии аврупоӣ, мавсӯм ба SPV барои пешбурди равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар чорчӯби тавофуқи ҳастаиро баррасӣ карданд.

Ҷереми Хант пас аз дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон, бо Алии Шамхонӣ, дабири Шӯроии олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломӣ ҳам дидор кард.

Ин нахустин сафари Ҷереми Хант ба Теҳрон пас аз расидан ба вазорати умури хориҷаи Англия аст.