Сел, "коштаҳои шум"-ро намоён кард
(last modified Sat, 30 Mar 2019 11:00:12 GMT )
Март 30, 2019 16:00 Asia/Dushanbe
  • Сел,

Борандгиҳои шадид дар манотиқи марзии Эрон бо кишвари Ироқ, боиси шуста шудани хок ва намоён шудани минаҳои боқимонда аз замони ҷанг шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар устони Кирмоншоҳ дар ғарби Эрон, ки бо кишвари Ироқ ҳаммарз аст, шиддати борандгӣ дар рӯзҳои ахир ба ҳадде буд, ки аксари рӯдхонаҳои ин устон туғён карданд ва зарфияти 9 сад низ такмил шуд ва масъулон тасмим гирифтанд барои ҷилавгири аз вуқӯи сел, оби се садро раҳо кунанд.

Ин масъала сабаб шуд дар бархе манотиқ аз ҷумла дар шаҳристони Қасри Ширин, минҳое, ки дар замони ҷанги таҳмилии режими собиқи Ироқ зидди Эрон дар ин манотиқ коргузошта шуда буд, намоён шаванд.

Ҳамчунин Муродалӣ Тотор, фармондори Қасри Ширин аз кашфи як қабза хумпораи120-и амал накарда аз даврони ҷанги таҳмилӣ дар манотиқи ашоирии ин шаҳристон хабар дод.

Гурӯҳҳои миназудоӣ дар устони Кирмоншоҳ хумпора ва минаҳои пайдо шударо хунсо карданд.

Қасри Ширин дар ғарби устони Кирмоншоҳ беш аз 186 километр марз бо Ироқ дорад.