Дижписанд: Эрон омодаи вогузории 50 миллиарддоллари тарҳ дар қолаби «Як камарбанд-як роҳ» аст
(last modified 2019-04-25T11:48:34+00:00 )
Апрел 25, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Дижписанд: Эрон омодаи вогузории 50 миллиарддоллари тарҳ дар қолаби «Як камарбанд-як роҳ» аст

Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон омодагӣ дорад беш аз 50 миллиард доллар тарҳ ва проектро дар бахшҳои мухталиф, ҷиҳати сармоягузорӣ ва таъмини молии он дар чорчӯби ибтикори «Як камарбанд-як роҳ» вогузор кунад.

Ба гузориши ИРНА, Фарҳоди Дижписанд рӯзи панҷшанбе дар дуввумин иҷлоси байналмилалии «Як камарбанд- як роҳ» дар Пекин, афзуд, иҷрои барномаи «Як камарбанд-як роҳ», нақши муҳим ва созандае дар ростои тавсеаи ҷаҳонӣ ва муносиботи кишварҳо дорад ва сабаби ҳамгароии ҳарчӣ бештар дар байни кишварҳои масири Роҳи Абрешим шудааст.

Вазири иқтисоди Эрон афзуд, кишварҳои масири Роҳи Абрешим метавонанд бо истифода аз ибтикори «Як камарбанд- як роҳ» ба иртиқои сатҳи ҳамкорӣ дар заминаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва пешбурди ҳамкорӣ дар саноати тавлидӣ бо якдигар бипардозанд.

Вай ҳамчунин гуфт, чашмандози давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бисёр наздик бо давлати Чин барои расидан ба ҳадафи волои ин тарҳи азим аст, ки таъсиргузории басазое дар амнияти пойдори минтақаӣ ва ҷаҳонӣ хоҳад дошт.

Вазири иқтисоди Эрон ба мавқеияти геоплитик ва геостратегии Эрон ба унвони яке аз амнтарин кишварҳои минтақа ишора кард ва гуфт, захоири азими энержӣ ва вуҷуди зарфиятҳои саршор дар ҳавзаҳои ҳамлу нақли рейлӣ, дарёӣ ва транзит, гардишгарӣ ва саломат дар Эрон заминаҳое аст, ки кишварҳои машмули «Як камарбанд-як роҳ» метавонанд аз ин фурсат ба хубӣ истифода карда ва боиси шукуфоии иқтисоди кишварҳои узв ва ҷаҳон шаванд.

Дуввумин иҷлоси байналмилалии «Як камарбанд-як роҳ», имрӯз (панҷшанбе) бо ҳузури ҳайатҳое аз 110 кишвар аз ҷумла Эрон дар Пекин оғоз бакор кард. Ин нишаст то шанбе 27 апрел идома дорад.

 

Барчасп