Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ваҳдат ва ҳамдилӣ рамзи пирӯзии миллати Эрон дар баробари Амрико аст
(last modified Fri, 03 May 2019 13:08:49 GMT )
Май 03, 2019 18:08 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ваҳдат ва ҳамдилӣ рамзи пирӯзии миллати Эрон дар баробари Амрико аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон басират, ҳузур дар саҳна, муқовимат ва ваҳдату ҳамдилиро рамзи пирӯзии миллат Эрон дар баробари Амрико ва муттаҳидонаш донист.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки дар чиҳил соли гузашта ҳеҷ замоне набудааст, ки Амрико бо миллати Эрон дар ситез набуда бошад, афзуд: Миллати Эрон ҳайманаи Амрикоро шикаст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ёдоварии таҳдидҳои ахири Амрико зидди Эрон ва инки аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ, истикбори ҷаҳонӣ ба раҳбарии Амрико бо ҷанги низомӣ, ҷанги фарҳангӣ, ҷанги сиёсӣ ва ҷанги иқтисодӣ дар муқобила бо миллати Эрон будааст, тасреҳ кард: Миллати Эрон дар ҷанги иқтисодии ахир низ пирӯз хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо баёни инки Эрон ҳар миқдоре, ки бихоҳад нафт тавлид ва содир хоҳад кард, афзуд: Инки давлати Амрико эълом карда содироти нафти Эронро ба сифр хоҳад расонд, маҳол аст, ҳамон тавр, ки дар чиҳил соли гузашта ҳамаи таҳдидҳои Амрико зидди Эрон беасар шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Раиси ҷумҳурии Амрико бо вуҷуди мушкилоти зиёди ин кишвар худро даргир бо Эрон кардааст ва ба ин баҳона аз бархе кишварҳои минтақа боҷгирӣ мекунад.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо ишора ба одати зиёдахоҳии давлати Амрико тасреҳ кард: Давлатмардони ин кишвар дар муқобили кишварҳои дигар, аз ҷумла Венесуэла низ истодаанд ва аз унсури дастнишонда дар муқобили давлати қонунӣ ва мардуми ин кишвар ҳимоят мекунанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон эъдоми 37 нафар аз фаъолони иҷтимоӣ дар Арабистони Саудиро низ ҷинояти ҳавлнок тавсиф кард ва гуфт: Дар канори шоҳи Саудӣ, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ҳам бо сукут дар баробари ин ин ҷиноят муҷрим аст.

 

Барчасп