Қадрдонии вазири покистонӣ аз Эрон ба хотири ҳимоятҳо аз Қудс ва миллати Фаластин
(last modified 2019-05-30T13:22:16+00:00 )
Май 30, 2019 18:22 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии вазири покистонӣ аз Эрон ба хотири ҳимоятҳо аз Қудс ва миллати Фаластин

Вазири ҳуқуқи башари Покистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири ҳимоятҳо аз Қудс ва миллати Фаластин қадрдонӣ кард.

Хонум Ширин Мазорӣ дирӯз (чаҳоршанбе) дар ҳамоише дар бораи Қудс дар Исломобод гуфт, агар ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи охирини ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ намекард, имрӯз мусулмонон, шоҳиди чунин таҳаррук дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва Қудс набуданд.

Вай афзуд, мусулмонони ҷаҳон бояд аз Эрон қадрдонӣ кунанд, ки масъалаи Қудс ба хотири Эрон зинда аст.

Аллома Роҷо Носир Аббос Ҷаъфарӣ, дабири кулли Маҷлиси ваҳдати муслимини Покистон ҳам дар ин ҳамоиш гуфт, Рӯзи ҷаҳонии Қудс, рӯзи наҳзати мустазъафон дар баробари мустакбирон буда ва замони озодсозии Фаластин ва Масҷидулақсо аз ишғоли режими саҳюнистӣ наздик аст.

Вай аз ҷавонони уммати исломӣ ва шаҳрвандони покистонӣ хост бо ҳузур дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс, тавтеаҳои душманон зидди кишварҳои исломиро хунсо кунанд.

Миян Аслом, муовини Ҷамоати исломии Покистон ва ҳамчунин сенатор Фарҳатуллоҳ Бобур аз сарони Ҳизби мардуми Покистон низ аз ибтикори ҳазрати имом Хумайнӣ(раҳ) барои номгузории Рӯзи ҷаҳонии Қудс қадрдонӣ карданд ва гуфтанд, ба хотири ҳимояти Доналд Трамп аз Исроил мардуми Покистон имсол бо шукӯҳи ҳарчӣ бештар дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамонанди солҳои гузашта ширкат мекунанд.

Роҳпаймоии "Рӯзи ҷаҳонии Қудс" фардо ҷумъа (31 майи 2019) дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи ҷаҳонии Қудс ном‎гузорӣ шудааст.

 

Барчасп