Интиқоди Русия аз иқдоми Англия дар тангаи Ҳурмуз
(last modified Thu, 11 Jul 2019 11:12:52 GMT )
Июл 11, 2019 16:12 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз иқдоми Англия дар тангаи Ҳурмуз

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия киштии низомӣ ҳамроҳи нафткаши мутааллиқ ба Англия дар тангаи Ҳурмузро иқдоме танаффурбарангез унвон кард.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия киштии низомӣ ва нафткаши мутааллиқ ба Англия дар тангаи Ҳурмузро иқдоме танаффурбарангез унвон кард ва гуфт, ингуна иқдомот метавонад, авзои минтақаро печидатар ва хатари даргирии низомиро бештар кунад. Рябков дар бораи масоили марбут ба тангаи Ҳурмуз гуфт, Маскав барои ҳимоят аз талошҳо ба манзури мутаваққиф шудани ташдиди таниш дар минтақа, омодагӣ дорад. Вай ҳамчунин аз Теҳрон хост аз иттихози иқдомоти танишомез дар заминаи тавофуқи ҳастаӣ худдорӣ кунад.

Рябков афзуд, дар сурати ниёз, баид нест Маскав бархе нерӯҳои мутахассис ба Венесуэла эъзом кунад.

Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, тавқифи киштии эронӣ дар минтақаи Ҷабалутториқ ба дасти Англия, иқдоме нанговар аст. Лондон бабо вуҷуди тавқифи киштии эронӣ, талош мекунад Эронро ба иллати ташдиди таниш сарзаниш кунад.