Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Амрико дучори саргардонии роҳбурдӣ аст
(last modified Fri, 02 Aug 2019 12:40:43 GMT )
Август 02, 2019 17:40 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Амрико дучори саргардонии роҳбурдӣ аст

Хатиби ҷумъаи Теҳрон иқдоми Амрико дар таҳрими вазири умури хориҷии Эронро рафтори сабук, кӯдакона ва хандаовар дониста таъкид кард, ин иқдом нишонаи саргардонии роҳбурдии ҳайати ҳокими Амрикост.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷалии Акбарӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон гуфт, барои вазири умури хориҷӣ ва дастгоҳи дипломатии Эрон боиси ифтихор аст, ки аз сӯйи Амрико таҳрим шаванд. Вай таъкид кард, ин равиши давлати Амрико нишонаи суқут ва уфули дастгоҳи дипломатӣ ва ҳайати ҳокими ин кишвар аст. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки гуфтумони муқовимат ба натиҷа расидааст, афзуд, иқдоми Амрико нишон дод, ки дипломатияи оҷизонаи онҳо ба натиҷа нарасидааст ва гӯё бо ин корҳо дилашон хуш мешавад.

Вазорати хазонадории Амрико асри чаҳоршанбеи гузашта Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар феҳрасти таҳримҳо қарор дод. Дар ҳамин ҳол Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ дар вокуниш ба иқдоми хазонадории Амрико иллати таҳрими худро суханону мусоҳибаҳояш бо хабаргузориҳои амрикоӣ донист ва дар “Твиттер” навишт: “Оё мардуми Амрико барои шунидани садои ман ба муҷаввизи хазонадории Амрико ниёз доранд?”.