Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар паём ба зоирони Байтуллоҳил-Ҳаром: "Муомилаи қарн" бо ҳиммат ва эмони ҷабҳаи муқовимат маҳкум ба шикаст аст
(last modified Sat, 10 Aug 2019 08:42:43 GMT )
Август 10, 2019 13:42 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар паём ба зоирони Байтуллоҳил-Ҳаром:

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар паёме хатоб ба зоирони Байтуллоҳил-Ҳаром, ки субҳи имрӯз дар саҳрои Арафот қироат шуд, мусалмононро ба ҳузури фаол барои шикасти макри душманони ислом ба вижа режими кудаккуши саҳюнист, Амрико ва пуштибон ва кумаккунандагони он фарохонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба зоирони Байтуллоҳил-Ҳаром, бароат аз мустакбирон ва дар раъси он Амрикоро ба маънии бароат аз мазлумкушӣ ва ҷангафрӯзӣ, маҳкум кардани конунҳои террористӣ аз қабили ДИИШ ва Блаквотери амрикоӣ, наҳиби уммати исломӣ бар сари режими кудаккуши саҳюнист ва пуштибонон ва кумаккунандагони он ва маҳкумияти ҷангафрӯзиҳои Амрико ва дастёронаш дар минтақаи ҳассоси ғарби Осиё ва шимоли Африқо донистанд ва бо таъкид бар қарор доштани масъалаи Фаластин  дар раъси ҳамаи масоили сиёсии мусалмонон хотирнишон карданд, тарфанди "Муомилаи қарн", ки ба василаи Амрико-и золим ва ҳамроҳони хоини он заминасозӣ мешавад, ҷинояте дар ҳаққи ҷомеаи башарӣ аст. Ҳамагонро ба ҳузури фаол барои шикасти ин макри душман фаро мехонем ва ба ҳавл ва қуввати илоҳӣ онро ва ҳамаи тарфандҳои дигари ҷабҳаи истикборро дар баробари ҳиммат ва эмони ҷабҳаи муқовимат маҳкум ба шикаст медонем. Матни паёми раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, ки субҳи имрӯз  ҳуҷҷатулислом валмуслимин Наввоб (намояндаи валии фақиҳ дар умури Ҳаҷ ва зиёрат ва сарпарасти ҳоҷиёни эронӣ) онро дар саҳрои Арафот қироат кард ба ин шарҳ аст:

بسم الله الرحمن الرحیم

وَ الحَمدُلِلّهِ رَبِّ العالَمین وَ صَلَّی اللهُ عَلی رَسولِهِ الکَریمِ الاَمین، مُحَمَّدٍ خاتَمِ النّبییّن، وَ عَلی آلِهِ المُطَهَّرین سیَّما بَقیَّة‌ِاللهِ فِی‌الاَرَضین، وَ عَلی اَصحابِهِ المُنتَجَبین وَ مَن تَبِعَهُم بِاِحسانٍ اِلی یَومِ الدّین.

Мавсуми Ҳаҷ дар ҳар сол миоди раҳмати парвардгор бар уммати исломӣ аст. Фарохони қуръонии "وَ اَذِّن فِی النّاسِ بِالحَجّ" даъвати ҳамагон дар тули таърих бар сари ин суфраи раҳмат аст, то ҳам дилу ҷон Худоҷӯй ва ҳам нигоҳ ва андешаи хирадварзи онон аз баракоти он баҳраманд гардад ва ҳар сол дарсҳо ва омӯхтаҳои Ҳаҷ ба василаи ҷамоатҳое аз мардум ба саросари ҷаҳони ислом бирасад. Дар Ҳаҷ иксири зикр ва убудият, ки унсури аслӣ дар тарбият ва пешрафт ва эътилои фард ва ҷомеа аст, дар канори иҷтимоъ ва иттиҳод, ки намоди уммати воҳида аст ва ҳамроҳ бо ҳаракат бар гирди маркази воҳид ва дар масире бо ҳадафи муштарак, ки рамзи талош ва таҳарруки уммат бар пояи тавҳид аст, ва бо яксонии оҳодди ҳаҷгузор ва набуди фарқият байни якдигар, ки нишонаи бардоштани табъизҳо ва ҳамагонӣ кардани фурсатҳо аст, маҷмуае аз пояҳои аслии ҷомеаи исломиро дар намое кучак нишон медиҳад. Ҳар як аз эҳром ва тавоф ва саъй ва вуқуф ва  рамй ва ҳаракат ва сукун дар аъмоли Ҳаҷ як ишораи намодин ба бахше аз баданаи тасвире аст, ки ислом аз иҷтимои матлуби худ ироа кардааст. Табодули донистаҳо ва доштаҳо миёни мардуми кишварҳо ва минтақаҳои дур аз ҳам ва таъмими огоҳиҳо ва таҷрибаҳо ва хабаргирӣ аз вазъ ва ҳоли якдигар ва зудудани бадфаҳмиҳо ва наздик кардани дилҳо ва анбоштани тавонҳо барои муқобила бо душманони муштарак, дастоварди ҳаётӣ ва басе бузурги Ҳаҷ аст, ки  бо садҳо гирдиҳамоии марсум ва маъмул наметавон онро ба даст овард. Оини бароат, ки ба маънии безорӣ аз ҳамаи бераҳмиҳо ва ситамҳо ва зиштиҳо ва фасодҳои тоғутҳои ҳар замон ва истодагӣ дар баробари зӯргӯӣ ва боҷгирии мустакбирони давронҳо аст яке аз баракоти бузури Ҳаҷ ва фурсате барои миллатҳои мазлуми мусалмон аст. Имрӯз бароат аз ҷабҳаи ширк ва куфри мустакбирон ва дар раъси он Амрико ба маънии бароат аз мазлумкушӣ ва ҷангафрӯзӣ аст ба маънии маҳкум кардани конунҳои терроризм аз қабили ДИИШ ва Блаквотери амрикоӣ аст, ба маънии  наҳиби уммати исломӣ бар сари режими кудаккуши саҳюнист ва пуштибонон ва кумаккунандагони он аст. Ба маънии маҳкумияти ҷангафрӯзиҳои Амрико ва дастёронаш дар минтақаи ҳассоси ғарби Осиё ва шимоли Африқо , ки ранҷ ва марорати миллатҳоро ба ниҳоят расонда ва ҳаррӯза мусибатҳои сангине бар онон ворид кардааст. Ба маънии безорӣ аз нажодпарастӣ ва табъиз бар асоси ҷуғрофиё ва нажод ва ранги пуст аст, ба маънии безорӣ аз рафтори истикборӣ ва хабосатомези қудратҳои мутаҷовиз ва фитнаангез дар баробари рафтори шарофатмандона ва наҷибона ва одилонае аст, ки ислом ҳамаро ба он даъват мекунад. Инҳо андаке аз баракоти Ҳаҷҷ-и иброҳимӣ аст, ки исломи ноб моро ба он фарохондааст. Ва ин намоди муҷассами бахши муҳимме аз ормонҳои ҷомеаи исломӣ аст, ки ҳар сол ба василаи оҳодди мардуми мусалмон ба коргардонии Ҳаҷ, намоише азим ва пурмазмун падид меоварад ва бо забоне гӯё ҳамаро ба талош барои эҷоди чунин ҷомеае фаро мехонад. Нухбагони ҷаҳони ислом, ки ҷамъе  аз онон аз кишварҳои мухталиф ҳамакнун дар маросими Ҳаҷ ҳузур доранд, вазифае сангин ва хатарнок бар душ мекашанд. Ин дарсҳо бояд ба ҳиммат ва ибтикори онон ба маҷмуаи миллатҳо ва афкори умумӣ мунтақил шавад ва доду ситади маънавии андешаҳо ва ангезаҳо ва таҷрибаҳо ва огоҳиҳо ба дасти онҳо амалисозӣ шавад. Имрӯз яке аз муҳимтарин масоили ҷаҳони ислом масъалаи Фаластин аст, ки дар раъси ҳамаи масъалаҳои сиёсии мусалмонон бо ҳар мазҳаб ва нажод ва забон қарор дорад. Бузургтарин зулми қарнҳои ахир дар Фаластин иттифоқ афтодааст. Дар ин моҷарои дардовар ҳама чизи як миллат, сарзамин, хона ва мазраъа ва дороиҳояш, ҳурмат ва ҳувияташ мусодира шудааст. Ин миллат ба тавфиқи илоҳӣ шикастро напазируфта ва аз по нанишаста ва имрӯз аз дирӯз пуршуртар ва шуҷоонатар дар майдон аст, вале натиҷаи кор ниёзманди кумаки ҳамаи мусалмонон аст. Тарфанди "Муомилаи қарн", ки ба василаи Амрико-и золим ва ҳамроҳони хоинаш заминасозӣ мешавад, ҷинояте дар ҳаққи ҷомеаи башарӣ ва на фақат миллати Фаластин аст. Мо ҳамагонро ба ҳузури фаол барои шикасти ин макри душман фаро мехонем ва ба ҳавл ва қуввати илоҳӣ онро ва ҳамаи тарфандҳои дигари ҷабҳаи истикборро дар баробари ҳиммат ва эмони ҷабҳаи муқовимат маҳкум ба шикаст медонем.

قالَ اللهُ العَزیز: اَم یُریدونَ کَیداً، فَالَّذینَ کَفَروا هُمُ المَکیدون. صَدَقَ‌اللهُ العَلیُّ العَظیم.

Тавфиқу раҳмат ва офият ва қабулии тоотро барои ҳамаи ҳоҷиёни муҳтарам аз Худованд маслиат мекунам.

Саид Алии Хоманаӣ

14-уми мурдоди 1398 баробар бо 10-уми августи 2019 ва 3-уми зиҳаҷҷаи 1440