Таъкиди Зариф ва раиси парлумони Бангладеш бар тақвияти талошҳои муштарак дар ҷаҳони Ислом
(last modified Wed, 04 Sep 2019 15:31:19 GMT )
Сентябр 04, 2019 20:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Зариф ва раиси парлумони Бангладеш бар тақвияти талошҳои муштарак дар ҷаҳони Ислом

Вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси парлумони Бангладеш бар тақвияти талошҳои муштарак дар ҷаҳони Ислом ва ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар Иттиҳоди байналмаҷолиси кишварҳои исломӣ таъкид карданд.

Дар дидори рӯзи чаҳоршанбеи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва хонум Ширин Шармин Чудри, раиси парлумони Бангладеш дар Дакка, ду тараф дар бораи тақвияти ҳамкории парлумонӣ, густариши иртибототи мардумӣ, ҳимоят аз тавсеаи ҳамкории тиҷорӣ ва бозаргонӣ табодули назар карданд.

Танаввуъбахшӣ ба ҳамкорӣ ва иҷрои проектҳои муштарак дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла фанновариҳои модерн ва баҳрагирӣ аз арзҳои миллӣ ва пуштибонӣ аз ҳамкории утоқҳои бозаргонии муштарак аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси парлумони Бангладеш буд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар садри ҳайате барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Бангладеш ва ҳамчунин ширкат дар иҷлоси кишварҳои ҳошияи уқёнуси Ҳинд дар Дакка ба сар мебарад, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) низ бо Шайх Ҳасина Возид, нахуствазир ва Абулқосим Абдулмуъмин, вазири умури хориҷаи Бангладеш дидор кард.