Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон - посух ба ваъдаҳои пучи Ғарб аст
(last modified Fri, 06 Sep 2019 13:02:30 GMT )
Сентябр 06, 2019 18:02 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон - посух ба ваъдаҳои пучи Ғарб аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба иҷрои гоми севуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон гуфт, ин иқдоми Эрон посухе ба ваъдаҳои пучи ғарбиҳо дар иҷрои тааҳҳудоти барҷомиашон аст.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадҷаводи Ҳоҷиалиакбарӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон, бо таъкид бар лузуми амали аврупоиҳо ба тааҳҳудоти барҷомии худ афзуд, Эрон дар сурати пойбанд набудани аврупоиҳо ба тааҳҳудоти барҷомӣ, ба коҳиши тааҳҳудоти худ идома медиҳад.

Намозгузорони теҳронӣ пас аз ин суханон, бо сар додани шиорҳое, ҳимояти худро аз коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон эълом карданд.

Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷиалиакбарӣ ҳамчунин бо баёни ин ки Амрико дучори уфул шудааст, изҳор дошт, шикасти Амрико дар минтақаи ғарби Осиё, аз ҷумла дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон ва Фаластин, афзоиши бидеҳӣ ба 20 ҳазор миллиард доллар, афзоиши эътиёд, бехонумонӣ, гуруснагӣ ва фосилаи табақотӣ дар Амрико аз далоили уфули қудрати ин кишвар аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, Амрико тавони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро аз даст додааст ва ҷаҳон ба асри пасоамрикоӣ фикр мекунад.

Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷилаиакбарӣ бо баёни ин ки муқовимат ва истодагии миллати Эрон, уфули Амрикоро суръат бахшад гуфт, шаклгирии ҷабҳаи муқовимат сабаби коҳиши нуфузи минтақаии Амрико шудааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти Яман гуфт, эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар ботлоқи Яман гирифтор шудаанд ва ба думболи роҳе барои фирор аз ин буҳрон ҳастанд.