Густариши ҳамкориҳои варзишии Эрон ва кишварҳои осиёӣ
(last modified Thu, 19 Sep 2019 06:36:13 GMT )
Сентябр 19, 2019 11:36 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои варзишии Эрон ва кишварҳои осиёӣ

Раиси Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар густариши ҳамкориҳои варзишии Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Солеҳии Амирӣ, ки ҷиҳати ширкат дар севумин нишасти Кумитаи олимпии кишварҳои Осиё дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба ҷумҳурии Қазоқистон сафар кардааст, асри чаҳоршанбе дар ин нишаст зимни муаррифии тавонмандиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, пешниҳоди баргузории олимпиадаи варзишии кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ кард, ки бо истиқболи кишварҳои узв мувоҷеҳ ва мавриди пазириш қарор гирифт.

Раиси Кумитаи миллии олимпии Эрон ҳамчунин бо Темур Қулибоев, ҳамтои қазоқистонии худ дидор ва дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳои варзишӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ кард. Қулибоев дар ин дидор зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузури раиси Кумитаи миллии олимпии Эрон дар ҷумҳурии Қазоқистон, дар хусуси истифода аз зарфиятҳои варзишии ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳо эъломи омодагӣ кард.

Раисони Кумитаи миллии олимпии Эрон ва Қазоқистон ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст ёддошти тафоҳуми ҳамкории ду ҷонибаро имзо карданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Афғонистон аз аъзои Кумитаи олимпии кишварҳои Осиё дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ҳастанд.