Мунисон: Тавсеаи гардишгарӣ зомини иртиқои таомулоти фарҳангӣ ва дӯстӣ дар минтақа аст
Вазири мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти ЭКО гуфт, тавсеаи гардишгарӣ дар минтақа боиси иртиқои таомулоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дӯстӣ миёни кишварҳо хоҳад шуд.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон дар ибтидои суханронии худ бо ситоиш аз ҳусни меҳмоннавозии мақомот ва мардуми кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон, ин кишварро дорои ҷозибаҳои гардишгарии фаровоне донист ва номгузории солҳои 2019 - 2021 тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвони Солҳои рушди деҳот, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумиро гоме муассир дар муаррифии тавонмандиҳои гардишгарии Тоҷикистон унвон кард.
Ба гузориши “Форс”, вай гуфт, гардишгарӣ пули иттисол миёни миллатҳо аз манзари иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва омили муассир дар таомул миёни адён ва фарҳангҳост, ки бо кам кардани шикоф ва ихтилоф, боиси тарвиҷи фарҳанги дӯстӣ ва тафоҳум мешавад.
Ба гуфтаи Мунисон, Эрон ба тасдиқи ЮНЕСКО, аз назари бархурдорӣ аз осори таърихӣ ва фарҳангӣ дар миёни 10 кишвари нахусти ҷаҳон ҷой дорад ва аз манзари ҷозибаҳои экотуристӣ ва танаввуи иқлимӣ низ ҷузви панҷ кишвари бартари дунё маҳсуб мешавад. Бар ҳамин асос, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бовар дорад, ки гардишгарӣ беҳтарин ҷойгузини нафт ва хомфурӯшӣ аст ва дар ин роҳ омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон, ба вижа кишварҳои минтақа ва созмонҳои минтақаӣ мебошад.
Мунисон идома дод, осонсозӣ дар судури раводид, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, эҷоди шабакаи якпорчаи хадамоти гардишгарӣ, омӯзиш ва таъмини нерӯи инсонии мутахассис аз ҷумлаи роҳкорҳои лозим барои рушду тавсеаи санъати гардишгарии минтақаи ЭКО аст ва ин муҳим дар сояи ҳамкорӣ ва таомули созандаи кишварҳои узв таҳаққуқ меёбад.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон яке дигар аз гомҳои муассир аз сӯи давлатҳои минтақаро мавзӯи раводид ва содасозии мароҳили судури он унвон ва тасреҳ кард: Раводиди муштараки минтақаи ЭКО яке аз мавзӯоти қадимӣ аст, ки хати машйи аслии онро сиёсати хориҷии давлатҳо таъйин мекунад. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳандозии сомонаи раводиди электиронӣ барои судури раводид дар арзи 48 соат ва низ судури раводиди фурудгоҳӣ иқдомоти муассире дар ин замина ба анҷом расонда ва таҷрибиёти арзишманде касб кардааст.
Мунисон изҳор дошт, аз сӯе пешниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси интихоби давраии “Шаҳри гардишгарии ЭКО” мавзӯи муҳиме аст, ки дар сурати эҳтимоми вижаи кишварҳои узв, метавон бо тарвиҷу таблиғи шоиста ва баргузории рӯйдодҳои мутанаввеи байналмилалӣ дар шаҳри мунтахаби гардишгарӣ, таваҷҷуҳ ва нигоҳи ҳамагонро ба он шаҳр ва тавонмандиҳои билқувваи минтақаи ЭКО маътуф намуд.