Ноябр 11, 2019 16:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Соли оянда таҳрими таслиҳотии Эрон бардошта мешавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мардуми азизи Эрон бидонанд бо идомаи БарҶом соли оянда, мо ба як ҳадафи бисёр бузурги сиёсӣ, дифоӣ ва амниятӣ даст меёбем.

Ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз (душанбе) дар ҷамъи мардуми Рафсанҷон хитоб ба мардум изҳор дошт, мо барои масолеҳи ҷомеа ва кишвари худамон бо 6 кишвар тавофуқеро имзо кардем ва дар ин миён яке аз кишварҳо аз тавофуқ хориҷ шуд ва аҳду паймони худро зери по гузошт.

Доктор Рӯҳонӣ идома дод, мо чанд кор метавонистем анҷом диҳем. Иддае мегуфтанд, шумо ҳам билофосила аз тавофуқ хориҷ шавед ва иддае мегуфтанд, дар ҳар шароите бояд дар ин тавофуқ пайдо кунед. Иддае ҳам мегуфтанд, роҳ байно байнро пайдо кунед ва лизо мо бо ҳамин таҷруба, дидем роҳи байно байн ба нафъи мо ҳаст.

Рӯҳонӣ изҳор дошт, қабл аз БарҶом солҳо хариди силоҳ аз тарафи Эрон тибқи қатъномаи СММ мамнуъ буд ва хариди силоҳи кишвари дигар аз Эрон низ ҳам мамнуъ, лизо тибқи ин тавофуқ ва қатъномаи 2231 соли оянда агар БарҶом-ро нигаҳ дорем, таҳрими таслиҳотии Эрон бардошта мешавад ва ба роҳатӣ метавонем, силоҳ хариду фурӯш кунем ин яке аз он осори муҳимми тавофуқ аст.

Вай тасреҳ кард, метавон аз алон аз БарҶом берун рафт, аммо он самаре, ки пеши рӯи мо ҳаст, нахоҳад буд ва қатъномаҳои Шӯрои амният алайҳи Эрон низ бар мегардад, лизо мо бояд фикр кунем, бубинем манофеи кишвар дар куҷост.

Вай баён кард, ҳоло, ки манофеи мо дар мондан аст, оё дигарон даст рӯи даст бигузоранд ва ба ин тавофуқ амал накунанд ва мо як ҷониба сад дар сад амал кунем, ки ин ҳам мавриди қабули мо нест.

Раисиҷумҳур таъкид кард, пас мо як роҳи байнобайн интихоб кардем, ки БарҶом-ро нигаҳ ва ҳифз кунем ва дар айни ҳол мо ҳам ончиро дар ин тавофуқ гузошта будем, пила пила коҳиш диҳем, ин масири дурусте аст ва имрӯз тавони ҳастаии мо аз ҳар замони дигаре беҳтар аст, зеро дар ин муддат талош карда ва тавсеа пайдо кардем.

Вай бо баёни ин, ки имрӯз шароити мо дар тавони ҳастаӣ нисбат ба ҳар замоне беҳтар аст, гуфт, мо дар ин солҳо таҳқиқоти худро идома додем ва теъдоди сентрифугаҳои кишвар аз 5 навъ ба 15 навъ расидааст. Мо тавофуқро ҳифз мекунем ва ҳуқуқи мардумро пос дошта ва таслими фишори душман намешавем ин масир як масири таомул аст.

Раисиҷумҳур бо баёни ин ки имрӯз тарҳҳои азиме дар ин устон ифтитоҳ мешавад ва ин муҳим бад-ин маъне аст, ки Амрико бидонад бо таҳрим ва фишор наметавонд ин миллати ғайюрро ба зону дар биоварад гуфт, мо бо ҳамаи тавон дар баробари душманони ин низом истодагӣ мекунем ва мо ҳозир нестем дар баробари дастуроти онҳо сар фуруд биоварем.

Раисиҷумҳур идома дод, Трамп дар Кохи Сафед мегӯяд, дар БарҶом моро фиреб доданд. Магар давлат, вазир ва ҳуқуқдон надоштед. Мо 2 сол бо шумо гуфтугӯ кардем ва дар ниҳоят ба як тавофуқ расидем, ҳоло баъд аз 2 сол мегӯяд, сари мо кулоҳ рафта дар ин тавтеа ҷуз ду кишвар ҳеҷ кишваре ҳатто кишварҳои ҳамсоя ва аврупоияшон аз онҳо ҳимоят накарданд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки мо медонем, ки мардум аз лиҳози таъмини махориҷи зиндагии худ, дар фишор қарор доранд ва медонем зиндагии мардум бавижа касоне, ки даромади собит доранд, сахт мегузарад, аммо дар рӯзҳои оянда давлат барои хонворҳое, ки дар фишори иқтисодӣ ҳастанд тарҳи ҳимоятии худро ироа мекунад гуфт, дар кишвари Эрон ҳудуди 24 миллиону 600 ҳазор хонавор вуҷуд ва як иддае аз онҳо вазъи зиндагии муносиб доранд ва аксарият ҳастанд, дучори фишор ҳастанд ва бояд аз роҳе ба онҳо кумак шаванд ва дар кишвари мо 7 миллион хонавор вазъи зиндагиашон хуб аст ва 18 миллион хонавор ниёз ба мусоидат ва кумак доранд умедворам аз моҳи оянда як ҳимояте аз сӯи давлат ба ин 18 миллион хонвор дар ин тарҳ шавад.

 

Барчасп