Таъкиди раҳбари Инқилоби Исломӣ бар пайгирии кӯтоҳиҳои эҳтимолӣ дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ
(last modified Sun, 12 Jan 2020 13:49:53 GMT )
Январ 12, 2020 18:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари Инқилоби Исломӣ бар пайгирии кӯтоҳиҳои эҳтимолӣ дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ

Як ҳавопаймои мусофирбарии мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина субҳи чаҳоршанбеи гузашта (8 январ), наздик фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон, суқут кард ва тамомии сарнишинони он ҷон бохтанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон билофосила пас аз ин ҳодиса дар иттилоияе бо таъкид бар пайгирит иллатҳои бурузи ин ҳодиса ва таҳқиқи ҳамаҷониба эълом кард: Натоиҷи баррасиҳои иллатҳои суқути ҳавопаймои хутути ҳавоии Украина ба таври шаффоф ба иттилои умум хоҳад расид. Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон дар иттилоияе бо ишора ба таҳдидҳои раисиҷумҳурӣ ва фармондеҳони низомии Амрико мабни бар ҳамла ба аҳдофе дар хоки Эрон ва афзоиши парвозҳои ҷангии террористҳои амрикоӣ перомуни Эрон эълом кард: Бурузи хатои инсонии ғайри амд ба далели чархиши ҳавопаймо ва наздик шудан ба як маркази ҳассоси низомӣ, омили ҳадаф қарор гирифтан ва суқути ҳавопаймои украинӣ буд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пайи иттилоъ аз натоиҷи таҳқиқоти Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи суқути ҳавопаймои мусофирбарии украинӣ ва исботи дахолати хатои инсонӣ дар он, рӯзи шанбе дар паёме бо ибрози ҳамдардии амиқ ва муҷаддад бо хонаводаҳои доғдори ин ҳодиса, бар муроқибат ва пайгириҳои лозим барои такрор нашудани чунин ҳодисаеро аз мудирон ва мақомоти Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон мутолиба карданд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эронро маъмури пайгирии кӯтоҳиҳо ё тақсирҳои эҳтимолӣ дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии украинӣ карданд.

Ҳамзамонии ин ҳодиса бо фазосозиҳо ва таҳдидҳои пай дар пайи Амрико пас аз террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод, мавзӯе қобили тааммул аст.

Сардор Ҳоҷизода, фармондеҳи нирӯи ҳаво-фазои Сипоҳ, рӯзи шанбе дар мусоҳибае бо таъйиди хатои инсонӣ дар ин ҳодиса изҳор кард, дар замони ҳодиса бо таваҷҷуҳ ба афзоиши бесобиқаи таҳаррукоти ҳавоӣ дар минтақа, нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури посухгӯӣ ба таҳдидоти эҳтимолӣ дар болотарин сатҳи омодабош қарор гирифтанд. Эҳтимоли шиллики мушаки круз аз сӯи душман ба самти аҳдофе низ дар замони ҳодиса гузориш шуда буд ва ин эҳтимол бо як хатои ташхис, мунҷар ба тасмими шитобзада ва шиллики падофанд ба самти ҳавопаймо шуд.

Бар асоси иттилоияи Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳ, парвози шумораи 752-и Украина, ки аз фурудгоҳи имом Хумайнӣ(раҳ.) парвоз карда буд, дар чунин шароити ҳассос ва буҳронӣ, дар ҳангоми чархиш, комилан дар ҳолати наздикшавнда ба як маркази ҳассоси низомии Сипоҳи посдорон ва дар иртифоъ ва шакли парвози як ҳадафи мутахосим қарор гирифта буд, ки бар асари бурузи хатои инсонӣ ва ба сурати ғайри амд, мавриди исобат қарор мегирад.

Инки чаро парвози шумораи 752-и Украина аз фурудгоҳи имом Хумайнӣ(раҳ.) дар ҳангоми чархиш, комилан дар ҳолати наздикшавнда ба як маркази ҳассоси низомии Сипоҳи посдорон ва дар иртифоъ ва шакли парвози як ҳадафи мутахосим қарор гирифтааст; масъалае аст, ки бояд иллати он мушаххас шавад.

Нуктаи дигар мизони диққат ва эҳтимолот дар нақси фаннӣ дар системаи новбарии ҳавопаймост, ки эҳтимол дорад дар шароити хосс ё амал накарда ва ё дар додаҳои парвозӣ дучори хато шуда бошад. Лизо ҳар гуна изҳори назари қатъӣ ва ниҳоӣ дар бораи авомиле, ки мунҷар ба ин фоҷиа шуд бо баррасиҳои коршиносон ва мутахассисон бар рӯйи иттилооти ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймо имконпазир аст.

Ин эҳтимол низ вуҷуд дод, ки дар сомонаи падофанди ташхиси ҳавопаймои дӯст аз душман хатое сурат гирифтааст. Ин хато метавонад дар шароите бар асари бурузи хатои инсонӣ ва ба сурати ғайри амд, сабаби шиллики падофанд гардад ва ҳавопаймо мавриди исобат қарор гирад. Моҷарои сарнагунии ҳавопаймои низомии Ил-20-и нирӯи ҳавоии Русия дар Сурия, ки яксол қабл рух дод, дар ин замина қобили таваҷҷуҳ баназар мерасад. 17 сентябри соли 2019 як ҳавопаймои русии Ил-20, ки ба пойгоҳи худ дар Ҳеймим бармегашт, дар фосилаи 35 километрии соҳили баҳри Миёназамин ба иштибоҳ мавриди ҳадафи падофанди Сурия қарор гирифт ва суқут кард. Вазорати дифои Русия иттилоъ дод, ки тақрибан дар ҳамон лаҳза чаҳор ҷангандаи F-16-и исроилӣ ба таъсисоти сурӣ дар Лозқия ҳамла карданд. Бар асоси иттилооти вазорати дифои Русия, ҷангандаҳои исроилӣ, ҳавопаймои русиро махфӣ карда ва онро дар маърази шиллики системаи зиддиҳавоии Сурия қарор доданд.

Дар ҳар ҳол, бо таваҷҷуҳ ба абъоди ин фоҷиа, таъкиди мақомоти Эрон бар баррасии ҳамаи ҷонибҳо ва рафъи комили ҳар гуна шубҳа ва гумона дар ин замина ва пайгирии хатоҳо ва авомили эҳтимолии таъсиргузор дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Украина аст.