Гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳурии Эрон ва Фаронса; Таъкид бар зарурати таваққуфи ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон
(last modified Wed, 08 Apr 2020 11:17:05 GMT )
Апрел 08, 2020 16:17 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳурии Эрон ва Фаронса; Таъкид бар зарурати таваққуфи ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри душанбе дар тамоси телефонии Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, бо истиқбол аз ибтикори дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои эъломи оташбас дар ҷанги миёни кишварҳо дар даврони шуюъи вируси корона дар ҷаҳон, ибрози умедворӣ кард, ки ин ибтикор шомили ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон ҳам бошад.

Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба ин ки мубориза бо ин беморӣ дар шароити таҳрим барои Эрон душвортар аз дигар кишварҳост, афзуд, давлати Амрико алорағми ин ки бо эъмоли таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Эрон, муқаррароти байналмилалиро зери по гузошта, дар ин шароит низ бо иқдомоти худ муқаррароти беҳдоштии мусавваби соли 2005-и Созмони беҳдошти ҷаҳониро зери по мегузорад.

Мавзӯоте, ки дар ин гуфтугӯ мавриди таъкид қарор гирифт, ба навъе бо сарнавишти ҳамаи кишварҳо муртабит аст. Зарурати ҳамкорӣ ва табодули таҷрибиёт барои муқобила бо бемории ковид-19 ва чолише, ки таҳримҳои золимонаи Амрико дар заминаи дастёбии Эрон ба дору ва таҷҳизоти пизишкии муассир дар дармони беморон ва пешгирӣ аз шуюъи он эҷод карда, масъалае аст, ки онро бояд дар сатҳи байналмилалӣ таҳлил ва тафсир кард.

Ин дидгоҳ дар мавриди соири мавзӯот, аз ҷумла амният дар минтақа, ки дар ин гуфтугӯ мавриди таъкид қарор гирифт, мисдоқ дорад. Рӯҳонӣ таҳаррукоти ахири Амрико дар Ироқро иқдоме хатарнок ва ба зарари амнияти ин кишвар ва минтақа донист. Эммануэл Макрон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба нақши муҳим ва созандаи Эрон дар муносиботи минтақаӣ, бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳо ва таомулоти дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалии Эрон ва Фаронса дар ростои тавсеаи сулҳ, субот ва амнияти минтақа таъкид кард. Вай бо ишора ба алоқамандии Фаронса ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо бо Эрон, гомҳои бардошташуда барои шурӯъ ба кори созукори молии Инстексро мусбат донист ва ибрози умедворӣ кард, ки бо истифода аз он табодулоти Эрон ва Аврупо афзоиш ёбад то ҳамкориҳои молии Аврупо бо Эрон ба шакли роҳаттаре анҷом шавад.

Бо ин ҳол гомҳои аввалияи бардошташуда дар ростои барқарории созукори Инстекс бо он чи ки дар тааҳҳудоти Аврупост, фосилаи зиёде дорад. То кунун беш аз 30 кишвар ва теъдоде аз созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи муқобила бо корона ба Эрон кумак кардаанд, аммо бархе кишварҳо ҳамчунон саъй доранд аз шуюъи бемории корона суиистифода кунанд. Амрико бо таҳримҳояш алайҳи Эрон ба дунё нишон дод, ки то чӣ андоза аз арзишҳо ва меъёрҳои инсонӣ ба дур аст.

Ҳамон гуна, ки Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ахиран дар Твиттер навишт; коршиканиҳо ва мухолифати Амрико бо таъмини ақломи мавриди ниёзи муқобила бо корона мисдоқи воқеии ҷиноят алайҳи башарият астю

Буҳрони корона муодилоти баромада аз низоми якқутбӣ дар ҷаҳонро дигаргун карда ва ҳатто Амрикоро бо чолише, ки тасаввур намекард, мувоҷеҳ кардааст. Акнун ҳамаи кишварҳо шароити сахтеро таҷриба мекунанд ва дар ин шароити ҳассос ҳамаи кишварҳо ба кумак ва ҳамкории якидигар ниёз доранд.

Дар ҳамин чорчӯб Ҳулуси Акар, вазири дифои Туркия низ рузи душанбе дар тамоси телефонӣ бо сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, табодули таҷрибаҳои муваффақи ба дастомада дар арсаҳои илмӣ, тахассусӣ ва иҷроӣ байни нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ва Эрон дар муқобила бо вируси коронаро хостор шуд.

Он чӣ дар шароити феълӣ аҳамияти ин мавзӯро меафзояд: Зарурати воқеъбинӣ ва дарки амиқ аз масоил ва ба табаи он иттихози равишҳо ва рӯйкардҳои мантиқӣ аст. Гуфтугӯи руасои ҷумҳурии Эрон ва Фаронса аз ин дидгоҳ ҳоизи таваҷҷуҳ аст. Интизорот ва интиқодҳои Эрон дарбаргирандаи маҷмӯае аз воқеиятҳо, аз бадаҳдиҳои Аврупо нисбат ба тааҳҳудоти барҷомӣ то сукут ва инфиол дар муқобили таҳримҳои золимонаи Амрико ва мабоҳиси калидии дигар аст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе тасреҳ кард, Эрон аз тамоми кишварҳои мустақил ва мутамаддини ҷаҳон мехоҳад, ба таҳримҳои ғайриқонунӣ, золимона ва беаслу бунёди Амрико таваҷҷуҳе накарда ва онро иҷро накунанд то бо ёрии ҳамдигар, ин мушкил бартараф шавад.