Май 03, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Рӯҳонӣ аз ҳамкории мардуми Эрон дар мубориза бо коронавирус

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамроҳӣ ва ҳамкории эрониён дар муқобила бо коронавирус ва эҳсону кӯмаки онон ба ниёзмиандон қадрдонӣ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии мубориза бо коронавирус гуфт: Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт, дар маҷмӯъ беш аз 83 дарсади мардуми кишвар ба таври мутавассит протоколҳои беҳдоштиро риоят карданд ва дар бархе шаҳрҳо ин рақам ба 92 дарсад низ расид.

Рӯҳонӣ бо ишора ба ғарболгарии 78 милион нафар дар марҳилаи аввали тарҳи басиҷи миллии муқобила бо коронавирус дар Эрон низ гуфт: 

Дар марҳилаи дуввум низ то кунун, 30 миллион нафар таҳти пӯшиш қарор гирифтаанд, ки ин ғарболгарӣ ҳадафмандтар аз марҳилаи аввал аст.

 

Барчасп