Раҳбари муаззами инқилоб: Эҷоди ҳисси ҳақорат аз сӯи қудратҳои истеъморгар барои тасаллут бар миллатҳо
(last modified Sun, 09 Aug 2020 14:43:11 GMT )
Август 09, 2020 19:43 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Эҷоди ҳисси ҳақорат аз сӯи қудратҳои истеъморгар барои тасаллут бар миллатҳо

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : қудратҳои истеъморгару султагар саъяшон дар эҷоди ҳисси ҳақорат дар он милатҳое аст, ки мехоҳанд бар онҳо тасаллут пайдо кунанд .

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садоии Хуросони Разавӣ,  Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати фаро расидани солрӯзи инъиқоди қарордоди нангини 1919 дар паёме дар фазои  маҷозӣ тасреҳ карданд : як намунааш он қарордоди 1919 Вусуқу ад-Давлаи маъруф аст , яъне ин ҳолати таҳқир, ҳақорати умумиро ва бекора будану ҳеч кора будани миллатро дар кишвар таҳаққуқ бахшиданд . Дар нуҳуми августи соли 1919 Вусуқу ад-Давла раис-ул Вузарот вақти Эрону « Лорд Карзан » вазири хориҷаи вақти Британия қарордоди машҳури 1919-ро имзо карданд . Ба муҷиби ин қарордод , кулияи ташкилоти низомӣ ва молии Эрон таҳти назорати англисҳо қарор мегирифту имтиёзи роҳи оҳан низ ба онҳо вогузор мешуд . Гуфта мешуд Вусуқу ад-Давла ду тан аз вузарои кобинааш барои бастани ин қарордоди пули хеле калон низ аз Британия ба унвони ришва дарёфт карданд .